ВидеоМуҳоҷирон

ҒОРАТИ 100 МЛН РУБЛИ ҲАМСАРИ ГРАДСКИЙРО БА ГАРДАНИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ЗАДАНД

Додситонии вилояти Маскави Русия парвандаи ҷиноятии ғорати қариб 100 миллион рубл пули нақд (тақрибан якуним миллион доллар бо қурби имрӯза) аз ҳамсари бевамондаи овозхони шинохтаи рус Александр Градскийро ба додгоҳ супурдааст.

Маркази матбуоти додситонӣ рӯзи 2 августи соли 2022 хабар дод, ки айбномаи ниҳоӣ нисбат ба як иштирокчии ин ҳамлаи ғоратгарона тасдиқ карда шуд. Дар робита ба ин ҳамлаи пурсарусадо то имрӯз танҳо як нафар: сокини 27-солаи деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон Умедҷон Ҷабборов дастгир шудааст.

Ӯ ба ғоратгарӣ айбдор мешвад. Парвандаи ҷиноятӣ барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскав фиристода шуд “, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Расонаҳои русӣ қаблан аз қавли манобеи наздик ба тафтишот хабар дода буданд, ки Умедҷон Ҷабборов баъди ҳабсаш даст доштани худ дар ин ҷиноятро ба гардан гирифта, гуфтааст, ки “мехост камтар пул кор кунад”.

Бино ба гузоришҳои қаблан нашршуда, дар ин кор 4 зодаи Тоҷикистон даст доштаанд, ки яке аз онҳо: Умедҷон Ҷабборов дастгир шуда, сеи дигар ба Беларус ва Тоҷикистон фирор кардаанд.

Гуфта мешуд, ки ҳамлагарон баъди ғорати 100 миллион рубл, пулро байни худ тақсим кардаанд ва аз ҷумла ба Умед ҳудуди 10 миллион рубл додаанд. Ӯ ба 2 миллион рубл аз ин пул зуд модели охирини мошини “Тойота Кемри”-ро харида, кӯшиши фирор ба Тоҷикистонро кардааст. Умед ба ин мақсад ҳатто то вилояти Самара рафтааст, вале аз марзи Русия бо Қазоқистон гузашта натавониста, ба Маскав баргаштааст, то касеро пайдо кунад, ки ӯро аз марз гузаронда тавонад. Вале шоми 24 январ Умедҷон Ҷабборов тавассути барномаи шиносоии қиёфаҳо дар истгоҳи метрои “Менделеевская” мушоҳида карда, дар ҳамонҷо дастгир кардаанд.

Градский ва Косташенко

Александр Градский, овозхон ва оҳангсози шинохтаи рус рӯзи 28 ноябри соли 2021 дар синни 72 аз олам чашм пӯшид.  Рӯзи 16 январи соли 2022 дар роҳ дар ҳудуди ноҳияи Наро-Фомински вилояти Маскав се марди мусаллаҳ барқасдона садама ташкил карда, ба мошини завҷаи Градский Марина Косташенко нишастанд ва маҷбураш карданд, ки ба хонааш баргашта, қариб 100 миллион рубл пули нақдеро, ки дар хона дошт, бароварда, ба онҳо диҳад.  Ғоратгарон сипас Косташенкоро маҷбур кардаанд, ки онҳоро бо мошинаш то Апрелёвка барад. Дар инҷо яғмогарон аз мошини ӯ фаромада, ба як мошини дигар нишастаанд, вале қабл аз фирор 5 миллион рубли Коташенкоро ба ӯ баргардонда, “маслиҳат” додаанд, ки “бо ин пул чӣ хеле ки дилаш мехоҳад, зиндагӣ кунад.”

Пулис мошинеро, ки яғмогарон бо он фирор карданд, дар ноҳияи Соколникии шаҳри Маскав пайдо кард. Мошин ба исми Халлоқов ном сокини вилояти Твер сабт шуда буд. Вале ӯ баёнот дод, ки ин мошинро кайҳо бо боварихат ба Умед Ҷабборов ном шаҳрванди Тоҷикистон фурӯхтааст.

Бино ба хабарҳо, баъди вафоти Градский ҳамлагарон чандин рӯз дар атрофи хонаи ӯ камин гирифта, ҳамсарашро поидаанд, ки кай аз хона мебарояд. Рӯзи 16 январ онҳо аз қафои мошини Лексуси Коташенко сур карда, ӯро аз пас мезананд ва сипас ба мошинаш нишаста, маҷбур мекунанд, ки ба хона рафта, ҳама пули доштаашро бароварда бидиҳад.

Гуфта мешавад, Умед Ҷабборов ронандаи мошине буд, ки аввал ба Лексуси Коташенко бархӯрд кард ва сипас аз Апрелёвка шариконашро гирифта, бурд.

Ин дар ҳолест, ки хоҳари Александр Градский иддаои келинашон дар бораи ғорат шуданашро зери шубҳа гузошта, гуфтааст, Марина Косташенко ҳанӯз расман вориси пулу моли Градский нашуда буд ва метавонист ин ғоратгариро вонамуд кунад, то ки шонаи худро аз масъулияти тақсими мерос бо дигар ворисони Градский халос кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button