ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ЯК НАВРАСИ ТОҶИК ДАР ХАБАРОВСК ҲОФИЗИ МУРАТТАБИ “ҚУРЪОН” ШУД

Дар Идораи мусалмонони минтақаи Шарқи дури Русия бо иштироки беш аз 100 нафар ба шарафи хатми “Қуръон” ах ҷониби Файзулло Хушвахтов, як навраси 17-сола аз Тоҷикистон маҳфили тантанавӣ баргузор шуд. Нашрияи маҳаллии “Транссибинфо” хабар дод, ки Файзулло Хушвахтов дар Тоҷикистон ба дунё омадааст, вале дар кишвари Хабаровски Русия ба воя расида, ду сол пеш, дар синни 15 таҳти раҳбарии мураббии ҳофизони “Қуръон” Одилбек-ҳазрат ба омӯзиши китоби муқаддаси мусалмонон пардохта, дар байни ду сол ин китобро хатм кард ва ҳофизи мураттаби “Қуръон” шуд.

Файзулло Хушвахтовро дар ҳузури беш аз 100 нафари гирдомада ба муносибати хатми “Қуръон” ноиби муфтии минтақаи Шарқи дур Абдуҷаббор Қодиров шодбош гуфт. Гуфта мешавад, ки Абдуҷаббор-ҳазрат низ зодаи Тоҷикистон буда, дар ин қисмати Русия то ба мақоми ноиби муфтӣ расидааст. Абдуҷаббор Қодиров зимни табрики Файзулло Хушвахтов таъкид кард, ки маҳз ҳофизону қориён нигаҳбони аслии “Каломи шариф” буданду ҳастанд.

Ба Файзулло Хушвахтов ба муносибати хатми пурраи “Қуръон” аз номи муфтии Шарқи дур смартфон туҳфа карда, хостаанд, ки  аз ин ба баъд донишҳои андӯхтаашро ба нафъи мусалмонони кишвари Хабаровск ва тамоми минтақаи Шарқи дур харҷ кунад.

Дар минтақаи Шарқи дури Русия даҳҳо ҳазор муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳазорон муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Замоне ки Куръон дастури зиндагиии мусалмонон буд дар таких даврони беназир доштанд. Аз доманои модарони точик хазорхо шоиру нависанда , муфассиру мухаддис, риёзидону нучумшинос,табибу равоншинос……… ва гайри ба дунё омад. Ахсант ба шумо дастандаркорони мухтарам, ки тавонистед то як маротиба хам бошад бо гузориши худ Аз Куръон ва ахли он ёд кардед.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button