ВидеоКоррупсия

ДАР ВАҲДАТ ЯК НОЗИРИ НИРӮИ БАРҚРО БА ДОДГОҲ КАШИДААНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 1 августи соли 2022 хабар дод, ки тафтиши парвандаи ҷиноятии як нозири барқи шаҳри Ваҳдатро ба нҷом расонда, ба додгоҳ супурдааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, “Солиев Зоҳирҷон Раҳмонович дар вазифаи назоратчӣ-барқчии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 3800 сомониашро гирифта, бар хилофи манфиатҳои хизматӣ ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии охиронро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намудааст”.

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Солиев Зоҳирҷон бар асоси қисми дуюми моддаи 247, бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Ба нозири ҳамакнун собиқи шабакаҳои барқи шаҳри Ваҳдат бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё тақрибан 6 доллар) ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Солҳои охир сокинон аз тамаъҷӯӣ ва ҳаромкории нозирони барқ зиёд шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар бисёр маврид, пули нирӯи барқе, ки онҳо ба дасти нозири минтақаашон месупоранд, то идораи барқ намерасад ва баъди чанд вақт нозири наве болои сари онҳоро гирифта, аз нав пардохт кардани қарзи нирӯи барқашонро талаб мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button