ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ТАФСИЛОТ: ОРАЗ ВА РАМЗӢ ВАЗИРБЕКОВҲО МЕГӮЯНД, ГӮЁ ХУДАШОН БА МАҚОМОТ ҲОЗИР ШУДААНД (ВИДЕО)

Ду фаъоли ҷамъияти зодагони Бадахшон дар Маскав Ораз Вазирбеков ва Рамзӣ Вазирбеков (Рамзесс Шогунов), ки  шоми ҷумъа, 29 июли соли 2022 дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав “ғайб заданд”, дар Душанбе дар боздошт “пайдо” шуданд. Ораз Вазирбеков ва Рамзесс Шогунов дар як видеои қариб дудақиқагӣ, ки тавассути саҳифаҳои троллҳои тарафдори ҳукумат, маъруф ба “фабрикаи ҷавоб” нашр шуд, яке ба забони рӯсӣ ва дуюмӣ ба забони тоҷикӣ сухан карданд. Онҳо гуфтанд, ки гӯё худашон ба Тоҷикистон баргашта, инҷо фаҳмидаанд, ки тафтишот нисбат ба онҳо суолҳои ҷиддӣ доранд ва аз ин рӯ, гӯё худашон мустақилона ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шудаанд, то ба саволҳои тафтишот ҷавоб гӯянд.

Маълум нест, ки ин муроҷиати Вазирбековҳо дар кадом шароит сабт шудааст ва оё онҳо худашон бо ихтиёри худ ин суханонро задаанд ваё таҳти фишор? Қаблан ҳарду батакрор изҳор дошта буданд, ки агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шаванд, ин ба маъноест, ки онҳоро мақомоти Душанбе бо зӯрӣ бурдаанд.

Мақомоти Русия ин ду фаъоли бадахшониро дар ҳоле ба Тоҷикистон супурданд, ки моҳҳои май ва июни соли 2022 мавҷи эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мақомот бо истифода аз нирӯ саркӯб карданд. Дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ беш аз 40 нафар кушта шуда, беш аз 120 тани дигар дастгир шуданд. Дар байни куштаву дастгир шудагон лидерҳои ғайрирасмии ин минтақаи мухтор низ буданд.

Ораз Вазирбеков, ки 45 сол дорад, дар видеои нашркардаи мақомот бо забони русӣ сухан ронд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки субҳи 30 июл ба Тоҷикистон омадааст.

Ӯ афзуд: “Вақте инҷо омадам, дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти зиёдеро дидам, ки маро аз Русия берун карда бошанд. Мехоҳам ба ҳама бигӯям, ки ман худам шахсан ба инҷо омадам. Ва дар инҷо мақомоти тафтишотӣ ба ман саволҳо доштаанд. Ман инро ҷиддӣ намегирифтам. Вақте ба инҷо омадам, ба раёсати тафтишотӣ рафтам ва фаҳмидам, ки ба ман дар мавриди ҳодисаҳои Хоруғ саволҳо доранд. Ман тайёрам ба ҳамаи саволҳо ҷавоб диҳам. Агар бегуноҳ бароям, баргамегардам, вале агар гунаҳкор бароям, тайёрам адои ҷазо кунам”.

Рамзесс Шогунов, соли таваллудаш 1987, зодаи ноҳияи Мурғоб, ки ба дунболи Ораз Вазирбеков ва бо забони тоҷикӣ сухан ронд,  танҳо ҳамин қадар гуфт, “ҳарчӣ ки бародарам Ораз гуфт, гапҳояшро тасдиқ мекунам. Мо ҳозир дар назди тафтишот ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳем гуфт. Агар гуноҳҳои мо тасдиқ шавад, ба гуноҳҳои худ ҷавоб мегӯем.”

Тавре қаблан хабар додем, Ораз Вазирбеков ва Рамзӣ Вазирбеков (Рамзесс Шогунов)  шоми ҷумъа, 29 июли соли 2022 дар фурудгоҳи Домодедово “ғайб заданд”. Ҳавопаймои онҳо аз Екатеринбург соати 19:30 дар Домодедово нишаст ва онҳо дар ин бора ба наздикони худ хабар доданд. Баъди ин рақамҳои онҳо дастнорас шуд “,  – хабар доданд манобеи Pamir Daily News.

Ораз Вазирбеков ва Рамзесс Шогунов  нисбат ба сиёсати ҳукумати Тоҷикистон, бавижа дар масъалаи Бадахшон назар ва мавқеи интиқодии оппозитсионӣ доштанд. Вақтҳои охир онҳо ба шиддат аз мақомоти Тоҷикистон барои саркӯби мавҷи ахири эътирозҳо дар Рӯшону Хоруғ тавассути амалиёти ҳарбие, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо тани дигар аз фаъолон ва лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон дастгир шуданд, интиқод мекарданд.

Ҳам Ораз Вазирбеков ва ҳам Рамзесс Шогунов шаҳрвандони Русияанд, вале дар гузашта чанд мавриди аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва сипас ба Тоҷикистон ихроҷ кардани шахсиятҳои маъруф рух дода буд, ки намунаҳои аз ҳама барҷастааш ихроҷи Каромат Шарипов ва Иззат Амон аст.

Баъди эътирози моҳи ноябри соли 2021 дар Маскав, ки зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон доир карданд, мақомоти Русия алакай дастикам 7 зодаи ин вилояти мухтор, аз ҷумла Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, ситораи ҷавони варзиши поп-ММА Чоршанбе Чоршанбиев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии бадахшониҳо дар Русия Амриддин Аловатшоев ва ҳамчунин фаъолони ҷавони зодаи ин минтақа  Муслим Наврӯзов ва Ҷонибек Чоршанбиевро ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд.

Ораз Вазирбеков аз маҳаллаи УПД шаҳри Хоруғ аст ва ӯро вориси Имумназар Имумназаров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии пурнуфузи Бадахшон, ки тобистони соли 2012 кушта шуд, мешуморанд.  Зодагони Бадахшон дар Русия Ораз Вазирбековро яке аз лидерҳои асосии ҷамъияти бадахшониҳо дар ин кишвар ном мебаранд ва мегӯянд, ӯ дар ҷамъият нуфузи зиёд дошта, дар гузашта барои ҳалли чандин мушкили зодагон, аз ҷумла муноқишае, ки бо чеченҳо бархост буд, мусоидат кардааст. Вале дар изҳороташ Ораз Вазирбеков танҳо ҳамин қадар мегӯяд, ки “ба сурати ихтиёрӣ ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ низ машғул буда, кӯшиш мекунам, то тартиботро дар дохили ҷамъияти помириҳо нигоҳ бидорам”.

Ӯ 23 сол боз дар Маскав зиндагӣ мекунад ва ҳанӯз соли 2006 ба таври қонунӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шуда буд. Дар баробари Аловатшоев, Ораз Вазирбековро яке аз ташкилкунандагони митинги эътирозии зодагони Бадахшон дар назди сафоратзонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Шоми 25 ноябри соли 2021 бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани омилони куштори сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар тангкӯчаи Гранитний переулок дар маркази Маскав ҳудуди 1000 нафар аз зодагони Бадахшон гирди ҳам омаданд, ки то имрӯз яке аз бузургтарин гирдиҳамоиҳои эътирозии зодагони Тоҷикистон дар Русия ба шумор меравад.

Гуфта мешуд, ки баъди ташкили он эътироз мақомоти Тоҷикистон Аловатшоев ва Вазирбековро таҳти ҷустуҷӯ қарор дода, истирдоди онҳоро аз Русия тақозо кардаанд. Аловатшоев 11 январи соли 2022 дастгир ва ба Душанбе фиристода шуд. Ораз Вазирбеков дар пайи ин бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ гуфт, агар баногоҳ дар Тоҷикистон пайдо шавад, бидонанд, ки мақомот ба мақсади худ ноил шуданд ва ӯро маҷбурӣ бурданд.  “Мехоҳам ба самъи ҷомиа бирасонам, ки ман нақшаи сафар ба Тоҷикистонро надорам. Ва дар сурати ғайб задану дар қаламрави Тоҷикистон пайдо шудани ман, ҳама бояд бифаҳманд, ки ин бар хилофи хости ман рӯй додааст”, изҳор дошт ӯ дар муроҷиатномааш.

Рамзесс Шогунов (Вазирбеков Рамзӣ Аликович), як ҷавони фаъоли 34-солаи зодаи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо матлабҳои интиқодиаш пиромуни ҳаводиси Бадахшон маъруф аст, рӯзи 1 март дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ӯро мехоҳанд аз қаламрави Русия рабуда, ба Тоҷикистон баранд.  Фаъоли бадахшонӣ инро ба фаъолона изҳори назар карданаш пиромуни масоили Бадахшон рабт дод.

 “Мехоҳам ин масъаларо рӯшан кунам ва изҳор бидорам, ки ман нақшаи ба Тоҷикистон сафар кардан надорам. Сароҳатан дарк мекунам, ки ба сабаби мавқеи фаъоли шаҳрвандиам ба ҳаёти ман дар қаламрави Тоҷикистон хатар таҳдид мекунад. Ҳадафи таҳдид ба ҷони ман метавонад ба хотири бастани даҳони ман бошад. Вале ман қасди хомӯш шудан ва назорра кардан, ки чӣ гуна мардумамро нобуд мекунанд, надорам. Ва дар ояндаи наздиктарин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия муроҷиат хоҳам кард, то амнияти маро таъмин кунанд”, – навиштааст Рамзӣ Вазирбеков. Рамзесс Шогунов  аз ҷумлаи онҳое буд, ки аз ҷараёни митинги эътирозии зодагони Бадахшон дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахши мустақим мебурд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ва Бадахшон то кунун ибаёнияҳои ин ду фаъоли зодаи Бадахшонро шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button