СӮХТОР ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ
Рӯзи 30 июли соли 2022 дар фурудгоҳи Душанбе сӯхтор шудааст.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар иттилоъ дод, ки “30 июли соли 2022, тахминан соати 10:00, дар қисмати берунии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, аз гармии зиёди ҳаво ноқили барқӣ об шуда, каме оташ гирифтааст.”
Бино ба ин манбаъ, сӯхтор аз ҷониби кормандони Хадамоти бехатарии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дарҳол бартараф гардида, ягон зарар ба иншоот ва шаҳрвандон нарасидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.
Сӯхтор дар фурудгоҳи Душанбе дар ҳолест, ки аз аввали моҳи июл дар Тоҷикистон ҳавои фавқулодда гарм ҳукмфармост.
Рӯзи 30 июли соли 2022 қаҳвахонаи “Азизҷон”, як қаҳвахонаи пурмуштарӣ дар канори шоҳроҳи Хуҷанд- Ғафуров дар шимоли Тоҷикистон низ ба коми оташ рафт. Хабаргузории русии Sputnik_Tajikistan бо нашри чанд акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки бар асари сӯхтор боми бинои қаҳвахона пурра сӯхта, ба хокистар табдил ёфтааст, вале касе аз кормандон ва меҳмонони ин муассиса осеб надидаанд.
Дар видеое, ки шоҳидон аз ҷои ҳодиса нашр кардаанд, дида мешавад, ки аз тарафи бинои қаҳвахонаи “Азизҷон” алангаи ғафси дуд ба осмон баланд шуда истодааст ва издиҳоми бузурге дар атрофи маҳалли сӯхтор ҷамъ шудаанд. Ҳамчунин дар ҷои ҳодиса дастикам ду мошини сӯхторнишонӣ дида мешавад, ки ба фурӯ нишондани сӯхтор машғуланд.
Бахтиёр Сайдуллозода, сардори хадамоти сӯхторнишонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба “Спутник” хабар дод, ки сӯхтор соати 11: 30 сар зада, ба масоҳати беш аз 160 метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Ӯ афзуд, ки оташнишонҳо тавонистанд дар байни як соат сӯхторро фурӯ нишонанд.
“Бино ба натиҷаҳои аввалия маълум шудааст, ки сӯхтор аз ҳисоби мӯрии ҷои сихкабобпазӣ рух дода, боми биноро фаро гирифтааст. Хушбахтона, ба нафарони дар дохили қаҳвахона қарордошта осеб нарасидааст”, – зикр кардааст Сайдуллозода.
Мақомот гуфтаанд, зарари хисороти расида бар асари сӯхтор ҳисобу китоб карда мешавад.