ВарзишВидеоМуҳоҷирон

ДОСТОНИ ФУТБОЛБОЗИ ПУРИСТЕЪДОДИ ТОҶИК, КИ ДАР РУСИЯ …. ШАУРМАФУРӮШ ШУД

Қаблан хабар дода будем, ки Аминҷон Алиаҳмадов, футболбози ҷавони дастаи “Равшан” (Кӯлоб), ки соли 2021 беҳтарин футболбози ҷавони мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дониста шуд, ҳоло дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, дар шаҳри Киржач … шаурма мефурӯшад. Киржач шаҳри хурде бо 26 ҳазор аҳолист, ки дар тақрибан 100-километрии шимолу шарқи шаҳри Маскав, дар ҳудуди вилояти Владимири Русия ҷойгир шудааст.

Баъди нашри ин хабар Артём Васнёв, хабарнигори ТВ “МИР24”  ба Киржач рафта, бо Аминҷон суҳбат кард ва дар бораи ин футболбози пуристеъдод гузориши хуби видеоӣ таҳия намуд.

Бино ба ин гузориш, Аминҷон Алиаҳмадов дар авҷи шуҳрат, вақте ки орзуи даъват ба тими миллии Тоҷикистонро дар сар мепарварид, ин ҳамаро канор гузошт ва ба Русия омад.  Омад, ки дар ин ҷо ҳамаро аз сифр сар кунад. Аз шаурмафурӯшӣ дар як дӯкони канори роҳ дар шаҳри Киржач. Вале Аминҷон футболро низ фаромӯш накардааст.

Артём Васнёв мегӯяд, Аминҷон шаурмаҳои бомазза тайёр мекунад, вале рисолати ӯ футбол аст, чунки истеъдоди фавқулоддае дораду барои мисол, метавонад то 6 ҳазор маротиба тӯбро ба замин наафтонда, бозӣ кунад.

Худи Аминҷон аз ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз Ҷесус мисол меорад, ки то расидан ба қуллаи шуҳрат сиёҳтарин корҳоро ҳам анҷом медоданд.

Ӯ мегӯяд, барояш мисли Ҷесус миллионер шудан не, балки футболбози хуб шудан аст.

Ҳоло мураббиёни дастаҳои футболи вилояти Владимир ба дӯкони шаурмапазии Аминҷон меоянд ва ӯро барои машқ ба дастаҳои худ даъват мекунанд, то маҳораташро бисанҷанд. Вале ин дастаҳоеянд, ки дар чемпионати вилояти Владимир бозӣ мекунанд ва аз инҷо расидан то қуллаҳои футбол хеле роҳ аст. Бахусус барои бозигаре, ки дар чемпионати футболи Тоҷикистон алакай беҳтарин истеъдоди ҷавон эътироф шуда буд, вале камукости рӯзгор маҷбур ба рӯ овардан ба кӯи муҳоҷираташ кардааст.

Хабарнигори “МИР 24” мегӯяд. Аминҷон замоне азми Русия карда, майдони футболро бо дӯкони шаурмафурӯшӣ иваз кард, ки орзуи пайвастанаш ба тими миллии Тоҷикистон бароварда нашуд ва ӯро барои тамрин дар саффи тими №1 кишвараш даъват накарданд.

Ин роҳи зиндагии Аминҷонро 180 дараҷа тоб дод ва дигар кард. Вале хабарнигори “МИР 24” бар ин аст, ки ин истеъдоди ҷавон аз Тоҷикистон ҳамин тавр метавонад зиндагии худро боз 180 дараҷаи дигар тоб дода, ба ситораи футбол табдил биёбад ва ягон рӯз мухлисон, ҳамон гуна ки имрӯз дар бораи дар вақташ кӯчарӯбӣ кардани Ҷесус нақл мекунанд, дар бораи Аминҷон низ нақл кунанд, ки як вақтҳо дар як музофоти дури Русия шаурма мефурӯхт.

Албатта, он вақт шояд на ҳама ба ин бовар ҳам кунад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button