Муҳоҷирон

БАҒОЧИ ХУШБӮ: МУСОДИРАИ 57 ҚУТТӢ АТРИЁТ АЗ МУСОФИРИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ПУЛКОВО (7 АКС)

Кормандони боҷхона, ё гумруки фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург аз бағочи мусофире, ки аз Душанбе меомад, 57 қуттӣ атриёти гуногун, аз ҷумла атру дезодорант пайдо кардаанд.

Хадамоти матбуоти раёсати гумруки ҳавзаи Шимолу Ғарби Русия гуфт, ин ҷавони тоҷик мехост тавассути “долони сабз” гузарад ва бо ин иқдомаш эълом кард, ки бо худ молҳое надорад, ки бояд дар боҷхона эълом ва санад кунад.

Вале бағочи пур аз мушку атри ӯ аз боҷхона нагузашт: кормандони гумрук ин мусофири ҷавонро манъ карда, бағочашро таҳти тафтиши гумрукӣ қарор доданд ва 57 қуттӣ атриёти аз бағочи ӯ ёфтшударо мусодира карданд. Кормандони боҷхона ба хулосае расиданд, ки чунин миқдори зиёди атриётро наметавон ҳамчун молҳои барои истифодаи шахсӣ арзёбӣ кард.

Боҷхонаи Пулково нисбат ба ин зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми дар боҷхона эълом накардани борҳое, ки бояд аз гумрук гузаранд, парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба ӯ ҷарима таҳдид мекунад. Вале ҷавони тоҷик метавонад аз атриёти мусодирашудааш ҳам маҳрум шавад.

Ёдовар мешавем, моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳамин боҷхонаи фурудгоҳи Пулково аз як мусофири ҷавони дигаре, ки низ аз Тоҷикистон ба  Санкт-Петербург меомад, 939 кӯлоҳи гуногун пайдо карданд (ДУ АКСИ ОХИР). Ин ҷавон низ мехостааст чунин миқдори зиёди кӯлоҳҳо, асосан бейсболкаҳоро тавассути “долони сабз” гузаронад, вале кормандони боҷхона ӯро манъ ва бағочашро тафтиш кардаанд.

Баъди ёфт шудани кӯлоҳҳо, ин ҷавон гуфтааст, ки ин ҳамаро бо хоҳиши як дӯсташ аз Тоҷикистон ба Петербург овардааст.  Ин 939 кӯлоҳро низ мусодира карда, нисбат ба он мусофири тоҷик бо иттиҳоми дар боҷхона нишон надодани молҳои бо худ овардааш парвандаи маъмурӣ кушоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button