ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР КАҲВАХОНАИ “АЗИЗҶОН” ДАО РОҲИ ХУҶАНД – ҒАФУРОВ (ВИДЕО+4 АКС)

Рӯзи 30 июли соли 2022 қаҳвахонаи “Азизҷон”, як қаҳвахонаи пурмуштарӣ дар канори шоҳроҳи Хуҷанд- Ғафуров  дар шимоли Тоҷикистон ба коми оташ рафт. Хабаргузории русии Sputnik_Tajikistan бо нашри чанд акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки бар асари сӯхтор боми бинои қаҳвахона пурра сӯхта, ба хокистар табдил ёфтааст, вале касе аз кормандон ва меҳмонони ин муассиса осеб надидаанд.

Дар видеое, ки шоҳидон аз ҷои ҳодиса нашр кардаанд, дида мешавад, ки  аз тарафи бинои қаҳвахонаи “Азизҷон” алангаи ғафси дуд ба осмон баланд шуда истодааст ва издиҳоми бузурге дар атрофи маҳалли сӯхтор ҷамъ шудаанд. Ҳамчунин дар ҷои ҳодиса дастикам ду мошини сӯхторнишонӣ дида мешавад, ки ба фурӯ нишондани сӯхтор машғуланд.

Бахтиёр Сайдуллозода, сардори хадамоти сӯхторнишонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ба “Спутник” хабар дод, ки сӯхтор соати 11: 30 сар зада, ба масоҳати беш аз 160 метри мураббаъ доман паҳн кардааст.  Ӯ афзуд, ки оташнишонҳо тавонистанд дар байни як соат сӯхторро фурӯ нишонанд.

“Бино ба натиҷаҳои аввалия маълум шудааст, ки сӯхтор аз ҳисоби мӯрии ҷои сихкабобпазӣ рух дода,  боми биноро фаро гирифтааст. Хушбахтона,  ба нафарони дар дохили қаҳвахона қарордошта осеб нарасидааст”, – зикр кардааст Сайдуллозода.

Мақомот гуфтаанд, зарари хисороти расида бар асари сӯхтор ҳисобу китоб карда мешавад.

https://youtube.com/shorts/YrP_cnyL9aI

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button