ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ЯКЕ АЗ ЁРОНИ ИЗЗАТ АМОН, КИ ДАР РУСИЯ “ГУМ” ШУДА БУД, ДАР ТОҶИКИСТОН “ЁФТ” ШУД, ВАЛЕ ДАР СИЗО

Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ


Як ҳамкори пешини Иззат Амон, ки ба иддаои наздиконаш моҳе пеш дар вилояти Курски Русия “нопадид” шуда буд, аз боздоштгоҳе дар Душанбе аз худ дарак додааст. Эмомалӣ Холови 30-сола чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ дошт. Чӣ гуна аз Русия ба Тоҷикистон овардани ӯ ба мо маълум нест. Мақомот шарҳ намедиҳанд, ҳарчанд ба наздиконаш гуфтаанд, ки парвандаи ӯро таҳқиқ доранд.

Холов пас аз тақрибан як моҳи нопадидшавӣ ба пайвандонаш паём фиристодааст, ки дар боздоштгоҳе дар Душанбе аст. Ӯро моҳи майи имсол дар вилояти Курски Русия ва бо дархости ҷониби Тоҷикистон дастгир карда буданд. Пайвандонаш дар оғози моҳи июл хабар доданд, ки ӯ дар боздоштгоҳи Курск бедарак шудааст.

Дилором Боймуҳаммедова, ҳамсари Эмомалӣ Холов, рӯзи 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш дар паёме ба онҳо расондааст, ки ӯро аз Русия ба Тоҷикистон оварданд, аммо нагуфтааст чӣ гуна.

“Як нафар аз Боздоштгоҳи Душанбе озод шуд ва хабари шавҳарамро расонд. Вагарна не дар Тоҷикистон ва не дар Русия касе намегуфт, ки ӯ дар куҷост. Кӯшиш дорем, ки ба ӯ вакили мудофеъ киро кунем. Адвокатҳо бо шинос шудани санадҳояш, аз ҳимоят даст мекашанд,” – гуфт хонум Боймуҳаммедова.

Ҳамсараш афзуд, Эмомалӣ Холов ба “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани тундгароӣ бо истифода аз расонаҳо ё интернет” муттаҳам аст. Ба нақли ӯ, муфаттишони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи парванда оғоз кардаанд, аммо мақомот ҷузъиёт намедиҳанд.

Эмомалӣ Холовро маъмурони пулиси Русия 26-уми майи имсол дар истгоҳи мусофирбарҳо дар ноҳияи Горшеченскийи вилояти Курск дастгир карданд.

Дар номаи Шуъбаи корҳои дохилии Горшеченский ба додситонии ҳамин ноҳия гуфта буданд, “Эмомалӣ Холов бар асоси муроҷиати сардори ШКД-и Данғара Ҳафиззода П.Х. аз 3-юми марти соли 2021 дар пайгард аст”.

Эмомалӣ Холови 30-сола зодаи ноҳияи Данғара буда, чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ дошт. Ӯ дар “Маркази тоҷикон”-и зери раҳбарии Иззат Амон ихтиёрӣ ё ризокор буд ва дар аҳди пандемияи коронавирус ба муҳоҷирони дармонда мадад кардааст.

Иззат Амон, раиси созмони “Маркази тоҷикон” дар Маскав, рӯзи 25-уми марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд.

Аз замони боздошт ва ҳабси Иззат Амон то ин дам “Маркази тоҷикон”-и зери раҳбарии ӯ баста ва чанде аз ҳамкоронаш дар Русия мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтаанд. Бахтовар Ҷумъаев, Сӯҳроби Ҷаҳон ва Ҳусейн Ишанқулов аз афзоиши фишор ба худу наздиконашон дар дохили кишвар шикоят карда буданд.

Муҳаммадхон Эгамов

ДАР ҲАМИН ҲОЛ:

Муҳаммадхон Эгамов, як ҳамкорӣ Иззат Амон, ки бо иттиҳоми “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” айбдор мешуд, бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шудааст.

Як корманди додгоҳи Исмоили Сомонӣ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Муҳаммадхон Эгамов ба моддаи 247, қисми 4 баррасӣ гардид ва ӯ пас аз пардохти зарари расонида ва ҷарима раҳо шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, мурофиаи охирин дар аввали моҳи июл сурат гирифт ва пайвандони Эгамов дар он иштирок доштанд. Ӯ дар бораи ҳаҷми маблағе, ки Эгамов супурдааст, маълумот надод.

Банди Кодекси ҷиноятӣ, ки бо он Эгамов айбдор мешуд, ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда (як нишондиҳанда 64 сомонӣ) ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.

Дӯстони Эгамов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи аз боздоштгоҳи Душанбе озод шуданашро намедонанд, вале ӯ беш аз як ҳафта боз дар Маскав қарор дорад ва ба таксиронӣ машғул аст.

Мақомоти Тоҷикистон, дар моҳи ноябри соли гузашта, баъди боздошту ба зиндон маҳкум кардани Иззат Амон аз Маскав дархости истирдоди Муҳамадхон Эгамовро карданд. Пулиси Маскав ӯро дастгир намуда, пас аз чанд муддати нигоҳдорӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии рақами 4-и ноҳияи Медведково ба Душанбе истирдод карданд.

Баъзе аз кормандони пешини “Маркази тоҷикон” дар Маскав гуфтанд, Муҳаммадхон Эгамов соли гузашта, дар авҷи пандемия, ихтиёрӣ як муддат бо мошинааш ба онҳо ёрӣ расондааст.

Пас аз боздошту ба Тоҷикистон фиристода шудани ӯ то анҷоми қазияи додгоҳӣ ва дубора ба Маскав баргашатанаш хабаре дар бораи ӯ набуд.

Бархе аз ҳуқуқдонҳои созмони пешини “Маркази Тоҷикон” мегӯянд, парвандаи Муҳаммадхон Эгамов монанди парвандаи Иззат Амон буд ва ӯ ҳам имкони бо ҷарима раҳо шуданро дошт, вале мақомот бо ҳар баҳона нагузоштанд, ки 232 сомонӣ ҷаримаро пардохта кунад. Дар ду баҳси ҷудогонаи додгоҳӣ ӯро ба 15 соли зиндон маҳкум карданд. Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон то ҳанӯз ин паҳлӯи қазияи Иззат Амонро шарҳ надодаанд ва тавре ҳуқуқдонҳо мегӯянд, системаи додгоҳии Тоҷикистон ба қазияҳо бархӯрди дугона дорад.

Ҳамкоронаш мегӯянд, парвандаи Иззат Амон сиёсӣ буд.

Иззат Амон

“Ҳуқуқи муаллиф (c) 2020. RFE/RL, Inc. Бо иҷозати Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бознашр шудааст. Хиёбони Коннектикут 1201 NW, Ste 400, Вашингтон 20036.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button