ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУ СКИНҲЕДИ РУС БАРОИ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ЯК ТОҶИКУ ЯК ДОҒИСТОНӢ

Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав  рӯзи 27 июли соли 2022 ду миллагтарои рус Сергей Маршаков ва  Максим Аристарховро дар куштори бераҳмонаи зодаи Доғистон Шамил Удаманов ва боз як нафари  шахсияташ номаълум, ки ғолибан муҳоҷири тоҷик буд, гунаҳкор шинохт. Барои ин кушторе, ки соли 2007 дар ҷангаи Лосиний Остров дар канори шаҳри Маскав содир шуда буд, додгоҳ Аристарховро ба 16 сол ва Маршаковро ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Аристархов барои ҳамкориаш бо тафтишот нисбат ба Маршаков ҳукми сабуктар гирифт.

Тафтишот ва додгоҳ муайян кардаанд, ки моҳи апрели соли 2007 Аристархов ба саффи созмони ифротии ҳоло дар Русия мамнӯи “Формат 18”, ки ба он миллатгарои ашаддӣ Максим Мартсинкевич, мулаққаб ба “Тесак” роҳбарӣ мекард, пайвастааст.  Дар ин созмон ӯро ба куштори бераҳмона ва намоишкоронаи ду зодаи Доғистону Тоҷикистон ҷалб кардаанд. Аристархов, тибқи нақшаи кашидаи сартарошидаҳо, мебоист макони анҷоми кушторро тайёр карда, лаҳзаи куштани он ду нафарро ба навор мегирифт ва сабташро дуруст карда, дар Интернет мегузошт.

Сартарошидаҳо қурбониёни ояндаро аз байни муҳоҷирон пайдо карда, онҳоро бо ин дурӯғ, ки гӯё дар як намоиши саҳнасозишуда бояд иштирок кунанд, ба ҷҷангали “Лосиний остров” бурда, ҳардуро бо бераҳмии махсус куштаанд.

Дар видеое, ки дар Интернет бо номи  “Қатли тоҷик ва доғистонӣ” (“Казнь таджика и дага”) нашр шуд ва сару садои зиёде ба бор овард, лаҳзаи куштани он ду бечораи бахтбаргашта сабт шуда, дида мешавад, ки афроди ниқоб дар рӯ дар зери парчам бо свастикаи фашистӣ он тоҷику доғистониро бо дасту по ва чашмони баста гузоштаанд ва сипс якеро парронданду дуюмиро бо корд сарашро аз тан ҷудо карданд.

Хешовандонаш дар яке аз қурбониҳо зодаи деҳаи Султон-Янгӣ-Юрт и ноҳияи Қизилюрти ҷумҳурии Доғистон Шамил Удамановро шинохтанд. Шахсияти қурбонии дуюмро то ҳол муайян накардаанд, вале бовар меравад, ки ӯ зодаи Тоҷикистон аст.

Муддати зиёде тафтиши ин куштори пурсарусадо ва намоишкорона бенатиҷа боқӣ монда буд. Вале соли 2020 Максим Мартсинкевич (“Тесак”), ки дар маҳбас қарор дошт, даст доштанаш дар он ду кушторро ба гардан гирифт ва гуфт,  дар он ҷиноят Аристархов низ иштирок дошт.

Субҳи 16 сентябри соли 2020 ҷасади Мартсинкевичро дар камераи СИЗО  шаҳри Челябинск мурда пайдо карданд. Марги ӯро расман худкушӣ эълон карданд. Аз Мартсинкевич чанд номаи пеш аз марг пайдо карданд, ки якеашро ҳатто дар даҳонаш пинҳон карда буд. Дар ин номаҳо “Тесак” навишта буд, ки баёноти додааш ба зидди ҳамсафонаш туҳмат буд.

Вале дар ҷараёни тафтишот Аристархов ҳам даст доштанаш дар қатли ду зодаи Тоҷикистону Доғистонро ба гардан гирифт ва  баёнот дод, ки дар ин кор Маршаков низ иштирок дошт.

Ҳукми нави онҳо дар ҳоле эълон шуд, ки Аристархов ва Маршаков алакай дар маҳбас барои ҷиноятҳои дигар адои ҳукм мекунанд. Максим Аристархов дар ғорати як ронандаи такси гунаҳкор шинохта шуда, Сергей Маршаков барои расондани ҷароҳати вазнин ба як афсари ФСБ ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button