ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ТИФЛИ НАВЗОД ВА 5 ЗАХМӢ БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО “ТОЙОТА” ВА “ЛЕКСУС”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  аз ҳалокати як тифли навзод ва ҷароҳат бардоштани 5 тани дигар бар асари якбора бо ду мошини “Тойота Камри” ва “Лексус LX-570” бархӯрдани як мошини  “Опел-Астра” дар роҳи Душанбе-Кӯлоб хабар дод.

Бино ба гузориши ВКД, субҳи 26-уми июли соли 2022, тахминан соати 09:50, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Қосимов Азиз Абдуҳалимович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб, ба самти муқобили ҳаракат баромада, дар аввал бо суръати баланд ба автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, таҳти идораи Мирзоев Хуршед Ҳакимович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Восеъ бархӯрда, баъдан ба автомашинаи тамғаи “Лексус LX-570”, таҳти идораи ронанда Меликов Фирдавс Зафарович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи «Опел Астра», Қосимов А. А.. ва мусофиронаш: Назарова Робия Саидҷаъфаровна, соли таваллудаш 1978, Ғуломов Абубакр Раҳмонович, соли таваллудаш 1987, Нуралиев Наҷибулло Нуриддинович, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Восеъ, Якубова Сомона Азизуллоевна, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе ва хурдсол Нуриддинов Муҳаммадӣ Наҷибуллоевич, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мусофири дигари “Опел Астра”, хурдсол Нуриддинова Зайнаб Наҷибуллоевна, соли таваллудаш 2022, сокини ноҳияи Восеъ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд.  Даҳҳо тан аз қурбониёни садамаҳоро дар кишвар ноболиғон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button