Минтақа ва ҷаҳон

ҲАЛОКАТИ СЕ АФСАРИ ФСБ ДАР ЯК САДАМА ДАР ҶАНУБИ ҚИРҒИЗИСТОН (2 ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА)

Шаби 25 ба 26 июли соли 2022 дар як садама дар шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон се шаҳрванди Русия ба ҳалокат расиданд. Ҳарсе қурбонии ин садама афсарони ФСБ будаанд, ки дар гуруҳи фаврии Нирӯҳои марзбонии ФСБ Русия дар Қирғизистон кор мекарданд. Қароргоҳи ин гуруҳи фаврӣ дар шаҳри Ӯш ҷойгир шудааст.

Сомонаи 24.kg бо такя ба маркази матбуоти Сарраёсати таъмини амнияти ҳаракат дар роҳи Қирғизистон (собиқ ГАИ) хабар дод, ки шаби 25 ба 26 июл мошини тамғаи Hyundai SantaFe бо суръати баланд ба як тоблуи таблиғотӣ дар кӯчаи Ғаффор Айтиеви шаҳри Ӯш бархӯрдааст. Kloop.kg хабар дод, ки мошин бо суръати 150 километр дар як соат ҳаракат мекард ва ҳамаи се нафаре, ки дар дохилаш буданд, дар ҷои ҳодиса, ҳанӯз то расидани мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохтаанд.

 Хабаргузории расмии “Кабар” хабар дод, ки қурбониёни садама ҳарсе шаҳрванди Русия буда, 36, 40 ва 47 сол доштаанд:

  1. Ронанда Р.Д.В. соли таваллудаш 1982,
  2. Мусофир Г.А.И. соли таваллудаш 1975,
  3. Мусофир Б.В.О. соли таваллудаш 1986.

Консулгарии Русия дар Ӯш низ хабари марги се шаҳрванди Русияро тасдиқ кард.

 “Ходимони ҳарбии Нирӯҳои марзбонии Русия, ки дар асоси қарордоди байниҳукуматӣ дар қаламрави Қирғизистон қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд. Ҳоло масъалаи ба Русия фиристодани ҷанозаҳои онҳо баррасӣ мешавад” — нақли қавл кардааст  хабаргузории ТАСС аз намояндаи консулхонаи Русия дар Ӯш.

Дар раёсати корҳои дохилии Ӯш гуфтаанд, таҳқиқи ин садама идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button