ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

“ХАБАРНИГОРОНИ БИДУНИ МАРЗ” ПАРВАНДАҲОИ 4 ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИКРО ДУРӮҒ НОМИД

Созмони байналмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” (RSF)  рӯзи 28 июли соли 2022 дар як баёния айбномаҳои зидди 4 хабарнигори ҳабсшудаи тоҷико “дурӯғ” ва “як роҳи тарсондани матбуот” номид ва ин шеваи рафтори мақомоти Тоҷикистонро маҳкум карда, раҳоии ҳамаи ин 4 хабарнигор: Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро талаб кард. “Хабарнигорони бидуни марз” гуфт, ин 4 журналисти тоҷик барои танқидҳояшон аз ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба паси панҷара андохта шудаанд. Баёнияи ин созмон иттифоқан дар зодрӯзи Далери Имомалӣ нашр шуд. Ин нахустин зодрӯзи ин хабарнигори хушном аст, ки ӯ дар боздошт таҷлил мекунад.

Жанна Кавелйе, роҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони “Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд: “Дар натиҷаи тақвияти сонсур ва маъракаҳои туҳмат бастан ба пои матбуот, ба журналистон баъди ҳар таҳқиқоташон ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Мақомоти Тоҷикистон бояд истифодаи иттиҳомоти бардурӯғ бо мақсади бастани даҳони журналистони мунтақиди ҳукуматро бас карда, ҳамаи онҳоеро, ки дастгир шудаанд, озод кунанд”.

 Авазмад Ғурбатов (Абдуллоҳ Ғурбатӣ), хабарнигори хабаргузории мустақили “Азия-Плюс”,  ва Далери Имомалӣ, журналисти таҳқиқгар инак 6 ҳафта боз дар ҳабс қарор дошта, ду нафари дигаре, ки қаблан бо онҳо ҳамкорӣ доштанд – Завкибек Сайдаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳамадзодаро 8 ва 9 июл дар пайи эълони пуштибониашон аз Далеру Абдуллоҳ ба ҳабс гирифтанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ рӯзи 15 июн дар пайи нашри таҳқиқоташон дар бораи  бо дастури мақомот худсарона вайрон кардани хонаҳои мардум дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд. Ғурбатиро ба “зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат” айбдор карданд ва Далери Имомалиро ба “соҳибкории ғайриқонунӣ” ва “баёноти бардурӯғ”.

Чанд рӯз қабл аз боздошташ мақомоти ноҳияи Шоҳмансур Далери Имомалиро латтукӯб карда, маҷбур карданд, ки видеоҳояш дар бораи вайрон кардани хонаҳоро аз Ютуб кӯр кунад.

Баъди боздошти онҳо раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим иддао кардааст, ки гӯё наворгирии журналистон ба кори мақомот халал мерасонд ва журналистон мақомотро хабардор нокарда, видео гирифтаанд.

Баъди хомӯшии тӯлонӣ дар мавриди сабаби боздошти Ғурбатӣ, мақомот билохира рӯзи 19 июл  эълон карданд, ки ӯ ба узвият дар созмони ифротӣ ва замкорӣ бо ин созмон айбдор мешавад. Ҷазо барои ин дар Тоҷикистон то 8 соли зиндон аст. Дар баробари иттиҳомоти қаблиаш Далери Имомалӣ низ ба ҳамкорӣ бо созмони ифротӣ айбдор мешавад, вале азбаски ба парвандаи ӯ муҳри махфӣ задаанд, дарёфт ва нашри маълумот дар борааш хеле мушкил аст.

Бидуни иртибот бо олами беруна

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”  бар ин аст, ки шеваи ба зидди Ғурбатӣ истифодашударо мақомоти Тоҷиктстон ба сурати фаровон барои бастани даҳони журналистон ба кор мебаранд. Яъне журналистонро аввал бо ягон баҳонаи “ночиз” дастгир мекунанд, вале пеш аз онки онҳоро озод кунанд, ба зиддашон иттиҳомоти хеле ҷиддитар эълон карда мешавад.

Завқибек Саидаминӣ шоми 8 июл дар Душанбе дастгир гардида, ба идораи УБОП, воқеъ дар Ваҳдат, шаҳре дар 20-километрии шарқи Душанбе бурда шуд. Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро низ рӯзи 9 июл ба ҳамин идораи УБОП ба Ваҳдат даъват карда, аввал барои 10 рӯз бо иттиҳоми “итоат накардан ба амри кормандони милитсия” ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Дар ин муддат ӯ ягон робитае бо ҷаҳони беруна надошт ва наздиконаш танҳо 15 июл ва он ҳам аз матбуот хабар ёфтанд, ки ӯро ба “даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои ифротӣ” айбдор мекунанд. Барои ин ба Пирмуҳаммадзода ҳамчун ҷазо то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Маъракаи тӯлонии тарсонданҳо

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”  менависад, аз соли 2015 ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон як фазои террорро ба вуҷуд овардааст, ки ба таъқиби журналистон мусоидат карда, онҳоро ба худсонсурӣ водор мекунад. Журналистон танҳо дар Интернет, аз ҷумла дар Ютуб метавонанд изҳори назар кунанд, вале он ҳам зери хатару таҳдиди таъқиб.

Гуфта мешавад таъқиботи давлатӣ ба зидди журналистони мустақил дар Тоҷикистон аз соли 2021 боз ҳам шадидтар шуд.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ (Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон), як созмони шарики созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, мегӯяд: Мақомот кӯшиш доранд, ки афкори ҷомиаро дар кишвар таҳти назорати мутлақи худ қарор бидиҳанд. Вале  наметавон бо боварӣ гуфт, ки мақомот аз ин кор бурд мекунанд. Ин аъмол ба вокуниши манфӣ аз ҷониби ҷомиаи байналмилалӣ рӯбарӯ шуда, дар ниҳоят ба имиҷи Тоҷикистон таъсири хеле бад мерасонад”.

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”   хотиррасон кардааст, ки Тоҷикистон дар раддабандии имсолаи ин созмон аз лиҳози сатҳи озодии матбуот дар байни 180 кишвар дар мақоми 152-юм қарор гирифт. Ин назар ба мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии соли 2015  каму ғам не, 36 зина пойинтар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button