ВидеоМуҳоҷирон

ДОМОДҲОИ ТОҶИК ДАР ЧУВАШИСТОН АЗ ҲАМА СЕРХАРИДОР БУДААНД

Хадамоти давлатии адлияи ҷумҳурии Чувашистон ё Чувашияи Русия хабар дод, ки дар нимаи аввали соли 2022 дар ин ҷумҳурӣ бо хориҷиён 98 ақди никоҳ баста шуд, ки назар ба 56 чунин никоҳи ба истилоҳ “интернатсионалӣ”, ки дар нимаи аввали соли 2021 дар Чувашистон баста шуд, 42 ақд, ё 75 фоиз (!) бештар аст. Имсол дар 73 маврид арӯсон аз Чувашистон ба домодҳои хориҷӣ ба шавҳар баромада, дар 25 мавриди боқимонда баракс домодҳо аз Чувашистон риштаи ҳаёти худро бо арӯсони хориҷӣ пайванд кардаанд.

Бино ба омори нашршуда, дар байни домодҳои хориҷӣ дар Чувашистон ҷои аввалро тоҷикҳо гирифтаанд – аз аввали соли 2022 алакай 27 шаҳрванди Тоҷикистон бо сокинони Чувашистон издивоҷ кардаанд. Дар ҷои дуюм зодагони Озарбойҷон меоянд, ки 10 нафари онҳо имсол дар Чувашистон тӯй шудаанд. Сокинони ин ҷумҳурии Русия имсол ҳамчунин бо шаҳрвандони Ироқ, Сурия, Туркманистон, Миср, Украина ва кишварҳои дигар ақди никоқ бастаанд.

Соли гузашта идораҳои ЗАГСи вилояти Саратов ва ҷумҳурии Удмуртистони Русия низ хабар дода буданд, ки арӯсони маҳаллӣ дар ин ду минтақа аз байни домодҳои хориҷӣ бештар аз ҳама бо зодагони Тоҷикистон издивоҷ кардаанд.

ЗАГСи шаҳри Маскав, пойтахти Русия низ бо натиҷагирии соли 2021 хабар дода буд, ки арӯсони маскавӣ низ бештар аз ҳама ба домодҳо аз Тоҷикистон ба шавҳар мебароянд. Аз 1500 домоди хориҷӣ қариб чорякаш, ё 355 ақди никоҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистон баста шуда, 142 никоҳ бо домодҳо аз Украина, 141 издивоҷ бо шаҳрвандони Қирғизистон ва 107 никоҳ бо домодҳо аз Беларус сабт шудаанд.

Аҷиб он аст, ки соли 2021 дар Маскав ягон никоҳи бонувони маҳаллӣ бо зодагони Ӯзбекистон сабт нашудааст. Вале дар айни замон 77 бону аз Ӯзбекистон соли гузашта ба сокинони Маскав ба шавҳар баромадаанд. Ин омор ҳам ҷолиб аст, ки бонувони зодаи Қирғизистон дар “чемпионат” барои ақди никоҳ бо домодҳои маскавӣ баъди украиниҳо ҷои дуюмро гирифтаанд. Соли гузашта 221 бонуи қирғизистонӣ бо мардҳои сокини Маскав издивоҷ кардаанд!

Муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва ҳамин тавр аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва дигар кишварҳои муҳоҷирфирист вақтҳои охир ҳарчӣ бештар бо хонумҳои рус издивоҷ мекунанд, чунки чунин издивоҷ гирифтани шаҳрвандии Русияро барояшон хеле осонтар мекунад. Вале ҷомиашиносони тоҷик аз паҳлуи дигари ин тамоюли оммавишуда изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, кӯшиши шумори торафт бештари мардони тоҷик барои ҷустуҷӯи арӯсони хориҷӣ дар худи Тоҷикистон як навъ сӯитавозун ё дисбалансро ба вуҷуд меорад ва шанси шавҳар ёфтани духтарони тоҷикро хеле камтар мекунад.

Бонувони маскавӣ бо киҳо бештар ақди никоҳ бастаанд:

Тоҷикистон – 355,

Озарбойҷон – 208,

Украина – 142,

Қирғизистон – 141,

Беларус – 107,

Испания – 4,

Италия – 3,

Амрико, Ирландия, Канада, Черногория – якникоҳӣ.

Мардони маскавӣ аз куҷо бештар арӯс фаровардаанд:

Украина – 280,

Қирғизистон – 221,

Беларус – 102,

Молдова – 84,

Узбекистон – 77,

Озарбойҷон – 62,

Олмон ва Фаронса – дуникоҳӣ,

Юнон, Камерун, Полша ва Словения – якникоҳӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button