ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

БОЗДОШТИ ДУ БАРОДАР БАРОИ ХУДНАМОӢ БО “ГЕЛЕНДВАГЕН” ВА ТАҲҚИРИ КОРМАНДОНИ БДА (3 АКС)

Милитсияи шаҳри Душанбе рӯзи 28 июли соли 2022 хабар дод, ки бародарон Шаҳром Убайдзода ва Идибек Убайдовро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, беэҳтиромӣ ба кормандони БДА ва онҳоро бо алфози қабеҳ дашному ҳақорат додан дастгир карда, Идибек Убайдовро бо қарори додгоҳ ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд. Бино ба иттилои милитсия, ин муноқиша байни бародарон ва кормандони БДА  ддар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт (роҳи “бетонка”) вақте рӯй додааст, ки кормандони БДА ронандаи мошини тамғаи «Мерседес- Гелендваген», рақами қайди давлатиаш 70 00 JE 01, Убайдзода Шаҳром Шамсулло, санаи таваллудаш 01.03.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,кӯчаи Назаршоевро манъ карда, барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат нисбат ба ӯ  протокол тартиб додаанд.

“Дар ин замон бародари номбурда Убайдов Идибек Шамсуллоевич, санаи таваллудаш 20.05.1994, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, дар баробари беэҳтиромӣ нисбати кормандони бозрасӣ, ҳамзамон онҳоро бо алфози қабеҳ дашном додааст.   Дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсия ҳар ду бародарон ва мошинашон ба ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд”, гуфта мешавад дар иттилоия.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Убайдов Идибек барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Милитсияи Душанбе менависад, “риояи ҳамаҷонибаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нишондиҳандаи сатҳи одобу ахлоқи ҳар як нафар ронанда ба шумор меравад. Мутаассифона, баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш аз ҳиссиёти худнамоӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, ҳамзамон бо амалу рафтори ношоистаи худ боиси халалдор гаштани тартиботи ҷамъиятӣ мегарданд”.

Назари бародарон Убайдовҳо дастрас нест. Вале ронандагон мегӯянд, вақтҳои охир бисёре аз роҳҳои канораӣ ва аз роҳҳои протоколӣ четтари шаҳри Душанбе, ба хусус хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (роҳи “бетонка”) ба ҷойҳои пулкоркунии бархе кормандони бевиҷдони ГАИ табдил ёфтаанд.

Убайдзода Шаҳром

Убайдов Идибек

Убайдов Идибек

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Эй мардум, агар хамин коркунони БДА дар рох набошанд, кулли ронандахо на ба аломати рох нигох мекунанду ва на дар гузаргох ба пиёдагардон рох медиханд.

  2. Ин Гелендваген кӯҳна аст, боз рамзи брабус задаанд дар пеши мошин, кару фар! Ин мошин аз чароғҳои пешаш маълум аст ки соли 1999-йо2000 аст ва нархи ин мошин аз 20-25 ҳазор доллар зийод нест. Вале номаш ки Гелик ки ҳаст барои ҳамин шаъну шарафаш зийод 😁

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button