ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МУҲОҶИРОНРО БА ҶАНГИ УКРАИНА МЕБАРАНД? НИГАРОНИИ ҲАРДУ ТАРАФИ ҶАНГ

Ҳам Русия ва ҳам Украина аз он изҳори ташвиш кардаанл, ки муҳоҷирон аз Осиёи миёнаро метавонанд ба ҳайси аскарони зархарид ба ҷанги байни ин ду кишвар баранд. Ҷанги Русияву Украина аз 24 феврали соли 2022, инак 153 рӯз боз идома дорад ва то имрӯз, ба ҳисоби ниҳодҳои ҷосусии Амрико, аз ҳарду ҷониб ҳудуди 30 ҳазор кушта ба ҷо гузоштааст.

Сарраёсати иктишофии вазорати мудофаи Украина  рӯзи 26 июл дар сомонааш навишт, Русия мехоҳад аз байни муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва ҳатто аз миёни маҳбусон аскарони зархарид ҷамъ оварда, барои ҷанг ба Украина бифиристад.

«Русия ба таври фаъолона маъракаеро таҳти шиори “аз ҳар минтақа як баталйон” ба роҳ андохтааст. Дар чорчӯби ин маърака Кремл ҳар як аз 85 минтақаи Русия, бо шумули Қрим ва Севастополро вазифадор кардааст, ки ҳар кадомаш як баталйон аз ҳисоби ба ном “ихтиёриён” таъсис дода, онҳоро аз ҳисоби молиявӣ ҳавасманд кунанд. Албатта, на ҳар минтақа барои ташкили чунин баталйонҳо аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ омода аст. Аз ҷумла мақомоти Маскав ба ном “полки шаҳрдор” ташкил карда истодаанд, ки ба он сокинони минтақаҳои дигар ва ҳатто шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон)-ро ҷалб карда истодаанд. Барои ташвиқи онҳо маоши баланд ва имкони гирифтани шаҳрвандии Русия пешниҳод мекунанд”, – гуфта мешавад дар гузориши хадамоти кашфи низомии Украина.

Додситони кулли Русия Игор Краснов, ки рӯзҳои 25-26 июл бо як сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон низ айни нигарониро дар мавриди эҳтимоли ҳамчун зархарид ба ҷанги Украина бурдани муҳоҷиронро баён дошт.

Краснов гуфт: “Дар вазъи кунунӣ, таҳти таъсири ҳаводиси Украина таҳдидҳо танҳо бештару бештар мешаванд. Имрӯз кишварҳои мо дар рӯбарӯи таҳдидҳои наву хеле хатарнок қарор доранд. Аз ҷумла: иштироки шаҳрвандони давлатҳои СНГ дар амалиёти ҷангӣ ба ҳайси зархарид, паҳн шудани силоҳу муҳимот ва маводи мухаддир”.

Бо гузашти 5 моҳ аз ҷанги Русия бо Украина дар бораи дар ин ҷанг кушта шудани ҳудуди 20 зодаи Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд. Аксари онҳо ба сурати қарордодӣ дар ҳайъати Қувваҳои мусаллаҳи Русия меҷангиданд. Вале дар бораи дар натиҷаи бомбаборони нирӯҳои Русия дар шаҳри Харкови Украина ҳалок шудани дастикам як зодаи Тоҷикистон низ гузориш шудааст. Ҳамчунин хабар дода буд, ки Темур Шамсов ном зодаи Душанбе, ки дар саффи нирӯҳои Украина меҷангид, дар наздикии Донетск ба дасти артиши Русия асир афтодааст. Баъдан маълум шуд, ки  падари Темур Шамсов дар ҳақиқат тоҷик буд ва ӯ дар Душанбе ба дунё омадааст, вале ҳанӯз дар давраи кӯдакӣ ҳамроҳи модараш ба Украина кӯчида, дар онҷо ба воя расидаст ва ҳамчун шаҳрванди Украина дар саффи нирӯҳои мусаллаҳи он кишвар хидмат мекард.

Ҷанги Русия бо Украина яке аз пурқурбонитарин ҷангҳои ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад.

Ахиран Уилям Бёрнс, мудири Идораи марказии ҷосусии Амрико (CIA, ЦРУ) гуфт, талафоти Русия дар Украина то имрӯз тақрибан 15 ҳазор кушта ва наздики 45 ҳазор захмиро ташкил медиҳад. Бёрнс афзуд, талафоти ҷониби Украина каме камтар аз талафоти Русия аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button