ВидеоМуҳоҷирон

ҲАР РӮЗ 410 (!!!) ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДИ РУСИЯ МЕШАВАД

Ҷанг дар Украина ба азми шумори рӯзафзуни он зодагони Тоҷикистон, ки мехоҳанд шаҳрвандии Русияро ба даст биоранд, таъсире накардааст. Ҳатто баракс! Бино ба  омори марбут ба муҳоҷирати ВКД Русия, дар нимаи аввали соли 2022 боз 74 ҳазору 162 зодаи Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Яъне ба ҳисоби миёна, дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳар рӯз 410 (!!!) зодаи Тоҷикистон шиносномаи хокистарранги тоҷикиашро бо паспорти сурхи бо уқоби дусараи Русия иваз кардааст. Барои муқоиса, нимаи аввали соли 2021 ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 241 тоҷикистонӣ ва дар умум дар соли гузашта ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 288 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуда буд.

Ҳамчунин барои муқоиса: Дар нимаи аввали соли 2021 44 ҳазор зодаи Тоҷикистон ва дар нимаи аввали соли 2020 “ҳамагӣ” 31 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд. Яъне шумораи он тоҷикистониҳое, ки дар нимаи аввали соли 2022 шаҳрванди Русия шуданд, назар ба ҳамин давраи соли 2021 беш аз 40%, ё 30 ҳазор нафар, ва дар муқоиса бо нимаи аввали соли 2020 қариб дуюним маротиба (!!!) бештар шудааст.

Тоҷикистон дар ин “чемпионати шаҳрвандии Русия” дар байни кишварҳои дунё ва СНГ баъд аз Украина дар ҷои дуюм қарор дошта, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои якум аст.

Нимаи аввали соли ҷорӣ 104 ҳазору 168 украинӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Дар ҷои сеюм баъди Украинаву Тоҷикистон, Арманистон меояд, ки имсол 22 ҳазору 136 зодаи ин кишвар шаҳрванди Русия шудаанд. Дар мақомҳои баъдӣ зодагони Қазоқистон (21 ҳазору 647 нафар), Ӯзбекистон (13 ҳазору 099 нафар), Озарбойҷон (12 ҳазору 329 нафар), Қирғизистон (10 ҳазору 632 нафар), Белорус (8 ҳазору 853 нафар), Молдова (8 ҳазору 239 нафар), Гурҷистон (1,840 нафар), Туркманистон (1549 нафар), Литва (137), Латвия (134) ва Эстония (57) қарор гирифтаанд.

Дар умум дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба 287 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии Русия дода шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 64 ҳазор ё 12% камтар аст.

Бино ба омори ВКД Русия, дар нимаи аввали ҷорӣ шумори хориҷиёни дар идораҳои муҳоҷирати ин кишвар сабти ном  карда 3 миллион нафар афзуда, шумори умумии муҳоҷирон дар Русия аз 8 миллион нафар гузаштааст.

Аз ҷумла дар моҳҳои январ – июни соли 2022 дар умум 2 миллиону 156 ҳазору 25 шаҳрванди Тоҷикистон дар ниҳодҳои муҳоҷиратии Русия сабти ном карда, 1 миллиорну 774 ҳазору 34 нафари онҳо дар ҳуҷҷатҳояшон навиштаанд, ки ба Русия маҳз ба ҷустуҷӯи кор омадаанд.

ВКД Русия ҳамчунин хабар дод, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ 24 ҳазору 698 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия иҷозати иқомати муваққат (РВП, разрешение на  временное проживание) ба даст оварда, 51 ҳазору 463 шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби ҳаққи иқомат (ВНЖ, вид на жительство) шудаанд. Ин ба маъноест, ки боз даҳҳо ҳазор шаҳванди Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия дар навбат истодаанд.

Ёдовар мешавем, соли 2021 дар маҷмӯъ беш аз 103 ҳазор зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул карданд. Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2000 ба ин тараф алакай қариб як миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон, аксаран бо ҷамъи хонаводаҳояшон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Бар илова, дар солҳои охир шумори онҳое низ дар ҳоли афзоиш аст, ки ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар худро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, дар шароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Аммо ҷомиашиносон мегӯянд, барои мардуми тоҷик муҳаббат ба зодгоҳ дар фарҳанги чандҳазорсолааш нақши бориз дорад ва афзоиши раванди ҳиҷрати аҳолӣ ба хориҷ аз сарчашмаҳои ҷиддитар ва пеш аз ҳама аз эҳсоси ноумедии онҳо ба ояндаи беҳтар дар Ватан маншаъ мегирад.

Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” дар пеши дари сафоратҳову идораҳои муҳоҷирати кишварҳои хориҷӣ навбат мепоянд, ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд.

Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button