ВидеоҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ҶУНАЙДХОН ИБОДОВ – ҲУҚУҚШИНОСИ ШИНОХТА ВА ҲАМСАРИ ОЙНИҲОЛ БОБОНАЗАРОВА

Ҷунайдхон Ибодов, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик, ҳамсари ҳомии маъруфи ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова ва падари Парвина Ибодова, раҳбари собиқи Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, рӯзи 26 июли соли 2022 дар Душанбе дар синни 74 аз олам чашм пӯшид. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ҷунайдхон Ибодов ба иллати сактаи қалб вафот кардааст.

 скончался от сердечного приступа.

Маросими ҷанозаи марҳум нимаи дуюми рӯзи 26 июл, соати 17:30 дар масҷиди ҷомеи зодгоҳаш – ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара баргузор мегардад.

Ҷунайдхон Ибодов дар даврони Шӯравӣ дар сохторҳои милитсия кор мекард ва дар поёни солҳои 80 ва авоили солҳои 90 сардори ОВИР буд. Ӯ баъди як парвандаи ба туҳмат ба зиддаш сохташуда тарки саффи милитсия кард ва дар давоми 30 соли охзир дар роҳи бунёд ва таҳкими сутунҳои асосии ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳкими созмонҳои ғайридавлатӣ саҳми бузург гузошта буд. Марҳум Ҷунайдхон Ибодов яке аз коршиносони эътирофшуда дар масоили марбут ба қонунгузории Тоҷикистон ва ҳуқуқи байналмилалӣ шинохта шуда буд.

Ҳамсари ӯ Ойниҳол Бобоназарова дар замони Шӯравӣ декани риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, давоми 30 соли охир яке аз намояндагони барҷаста ва эътирофшудаи ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муаллима Бобоназарова чандин сол роҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива+” ва як муддат раиси дафтари Бунёди Ҷорч Сорос (Институти Ҷомиаи боз) дар Тоҷикистон буд.

Соли 2013 Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади ягонаи мухолифин ба интихоботи президентии Тоҷикистон пешбарӣ шуд, вале ситоди ӯ натавонист 210 ҳазор имзои лозим барои сабти номи расмиашро ҷамъ биорад.

Идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба наздикони Ҷунайдхон Ибодов изҳори ҳамдардӣ мекунад. Дуо мекунем, ки Худованд гӯшае аз Ҷаннатро насибашон гардонад!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button