ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР НИМАИ АВВАЛИ СОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 84 НАФАР ҒАРҚ ШУД, 8 ТАНИ ДИГАР ҚУРБОНИ СЕЛУ ТАРМАЮ РАЪДУ БАРҚ ШУДААНД

Генерал-полковник Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи 26 июл дар нишасти хабариаш гуфт,  дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 606 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳаводис  ба иқтисоди кишвар 15 млн 583 ҳазору 300 сомонӣ зарар расида, 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.  Аз инҳо: 2 нафар дар натиҷаи омадани селҳо, 2 нафар дар тарма, 2 нафар дар резиши санг ва 2 нафари дигар ҳангоми раъду барқ. Генерал Назарзода гуфт, дар ҳамин давраи соли 2021 дар Тоҷикистон 299 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дошта  ба қайд гирифта шуда буд, ки он ҳаводис ба иқтисоди кишвар ба маблағи 111 млн 42 ҳазору 500 сомонӣ зарар расонда, сабаби марги 22 нафар шуда буд.

Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар нимаи аввали соли 2022 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 84 нафар ҷон бохтаанд, ки назар ба 69 ғарқшудаи ҳамин давраи як соли қабл 15 қурбонӣ зиёд аст.  (бо ғарқшудагони моҳи июл шумораи қурбониёни имсола алакай аз 110 нафар гузашт).  Рустам Назарзода гуфт, сарфи назар аз рейдҳои мунтазам, роҳандозии чорабиниҳои маърифатӣ бо аҳолӣ аз ҷониби кормандони КҲФ, муроҷиатҳо тавассути телевизион ва радио, интишор гузоришу хабарҳо ва баёни қоидаҳои бехатарӣ дар сомонаи КҲФ, мутаассифона, одамон ҳамоно дар обҳо ҷон медиҳанд.

“Ба сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ дар рӯду кӯлҳои кишвар дар шаш моҳи охир 84 нафар (соли 2021 – 69) ба ҳалокат расиданд. Ҳафт нафари инҳо то 4-сола буданд, 15 нафар аз 5 то 10 сол доштанд, 24 нафар аз 11 то 16 – сола, 27 нафар аз 17 то 35 ва ёздаҳ нафари дигар болотар аз 35-сола буданд”, гуфт раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Генерал Назарзода ҳамчунин гуфт, ки  имсол бар асари ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 88 хонаи истиқоматӣ (16 хона пурра, 19 манзил қисман), 179 иншооти ёрирасон, 2 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаи томактабӣ, 17 пул, 107 гектар замини кишт ва 298 км роҳи мошингард зарар диданд. 

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин гуфт, мувофиқи таҳлилҳо муайян шуд, ки 42,7 дарсади селҳо дар ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Б. Ғафуров, Деваштич, Дарвоз, Нуробод, шаҳрҳои Турсунзода, Панҷакент ва Душанбе ба қайд гирифта шуданд. 19,4% тарма дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа; 19,4% борони зиёд дар ноҳияҳои Дарвоз, Рушон, Лахш, шаҳри Хоруғ; 8,3% сангреза  дар ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон ва Кӯҳистони Мастчоҳ сабт шудааст. 

Генерал Назарзода ҳамчунин дар бораи мавзеъҳои хатарнок дар қаламрави кишвар омори ҷадид ироа кард. Вай гуфт дар ин шаш моҳи сипаришуда аз ҷониби сохторҳои дахлдори Кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташхиси минтақаҳои осебпазир гузаронида шуд.Муайян гардид, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 1209 мавзеъҳои хавфнок вуҷуд доранд, ки дар ҳудуди онҳо 72 ҳазору 629 хоҷагӣ ва 391 ҳазору 304  нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Вай ба он таъкид кард, ки қисми зиёди ин мавзеъҳо дар баробари селу обхезиҳо осебпазиранд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки дар қиёс ба солҳои пеш мавзеъҳои осебпазир барои аҳолӣ кам шудаанд ва сабабаш он аст, ки тадриҷан аҳолӣ аз ин гуна мавзеъҳои ба маконҳои амн кӯчонида мешаванд.

Генерал Назарзода ҳамчунин илова кард, ки бо мақсади иҷрои банди 2-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №648 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023» рӯйхати аниқшудаи 221 хоҷагиҳое, ки дар соли 2022 бояд аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд, муайян карда шуда, бо Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода аз 8 июни соли 2022 тасдиқ карда шуд. Тибқи он бояд аз ВМКБ 7 хоҷагӣ; дар қаламрави вилояти Суғд 60 хоҷагӣ; вилояти Хатлон – 88 ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 66 хоҷагӣ ба макони амн кӯчонда шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button