ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ 3 СОКИНИ ҶАЙҲУН БАРОИ ДАСТ ДОШТАН ДАР 20 ҲОЛАТИ ДУЗДИИ ЧОРВОИ МАРДУМ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 26 июли соли 2022 аз ошкор кардани омилони 20 мавриди дуздии чорвои мардум дар ноҳияи Ҷайҳун ва боздошти 3 гумонбар хабар дод.

 Офоқ Қодириён, подполковники милитсия ва сухангӯи РВКД вилояти Хатлон дар гузоришаш мегӯяд, пайи ҳам дуздидани чорвои мардум аз ҷониби шахсони номаълум дар ноҳияи Ҷайҳун боиси нигаронии сокинон ва шикояти зиёд ба шуъбаи милитсияи ин ноҳия шуд.

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия  се скоини ноҳияи Ҷайҳунро бо гумони даст доштан дар ин силсилаи дуздиҳо муайян ва дастгир кардаанд:

  1.  Самизода Саломуддин, соли таваллудаш 1988,
  2. Қосимов Саидалӣ, соли таваллудаш 1990, ҳарду пеш бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ суд шудаанд ва
  3. Суфиев Бобоҷон, соли таваллудаш 1991, сокинони ноҳияи Ҷайҳун.

Офоқ Қодириён гуфт, ин 3 нафар дар 20 ҳолати дуздии чорвоҳои калону майдаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун умонбар дониста мешаванд.
Ин нафарони ҷиноятпеша шабона тариқи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаҳо ва назди заминҳои хоҷагии деҳқонии шаҳрвандон чорвоҳои хурду калони сокинонро дуздида, аз ҷойи ходиса ба макони ба худашон мувофиқ интиқол медиҳанд ва маблағи аз фурӯши чорвои мардум ба даст овардаашонро ба фоидаи шахсии худ сарф кардаанд”, гуфта мешавад дар хабар.
Маблағи умумии зарар ба шаҳрвандон зиёда аз 100.000 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбат ба гумонбаршавандагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД ноҳияи Ҷайҳун бар асоси моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба онҳо аз 2 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.



Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button