ВидеоКоррупсия

ДУ МАНСАБДОР ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ (СОБИҚ ҶИЛИКӮЛ) БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОР МЕШАВАНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 25 июли соли 2022 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурда шудани парвандаи ду корманди МБТИ ва кумитаи замини ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) хабар дод.

Маркази матбуоти агентӣ гуфт: “Даврони Мирзохон дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи заминсозии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Дӯстӣ кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси шартномавии Кумитаи замини ноҳияи мазкур Давлятов Умед Ҷумаевич дар ҳолати зерин даст ба содир намуди ҷиноятӣ қаллобӣ заданд. Чунончӣ, номбурдагон бо сӯиистифода аз мақоми хизматӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ва ба даст овардани маблағи муфт, барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрвандон дар якчанд ҳолат маблағи 30 500 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати онҳо ягон амали муайянеро иҷро накарда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расониданд”.

  Нисбат ба Даврони Мирзохон ва Давлятов Умед Ҷумаевич бар асоси моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд.

Ба онҳо бар асоси қисми сеюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 64 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол таҳдид мекунад.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо мансабдорро ҳангоми гирифтани пора дар ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин ба шаҳрвандон дастгир мекунанд. Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои заминфурӯшӣ ба даст афтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Ноҳияи Дӯстӣ бо беш аз 100 ҳазор аҳолӣ дар вилояти Хатлон, дар тақрибан 130-километрии Душанбе, пойтахти  Тоҷикистон ҷойгир шудааст. То соли 2016 ин ноҳия Ҷиликӯл ном дошт. Дар ноҳияи Дӯстӣ тоҷикҳову ӯзбекҳо ва ҳамчунин туркманҳо зиндагӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button