Хабарҳои кӯтоҳ

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪИИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯИ ДУШАНБЕ ДАР КӮЧАИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ (10 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки кормандони милитсияи пойтахти Тоҷикистон рӯзи 23 июли соли 2022 “дар доираи иқдомҳои созандагию ободкорӣ”  дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Сино шанбегии дастаҷамъӣ доир намуданд.

“Зимни шанбегӣ аз ҷониби кормандони милитсия атрофи биноҳои истиқоматии кӯчаи мазкур аз алафҳои бегонаи худрӯй ва ҳар гуна партовҳои маишӣ тозаву озода карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоия. Милитсияи Душанбе ҳамчунин аз ҷараёни шанбегӣ 10 акс нашр кардааст.

Дар аввали моҳи июл кормандони милитсияи Душанбе кӯчаи Синои ноҳияи Сино чунин як шанбегии дастаҷамъӣ баргузор карда, бино ба иттилои маркази матбуоти милитсия, ҳамроҳ бо кормандони хоҷагии коммуналии ноҳияи мазкур гирду атрофи биноҳои истиқоматии кӯчаи Сино ва атрофи мактаби миёнаи № 90-ро аз ҳар гуна партов ва алафҳои бегонаи худрӯй тозаву озода гардонданд.

Шанбегии кормандони милитсия дар кӯчаи А.Сино

Дар идомаи иқдоми ободкориву корҳои созандагӣ шанбегии навбатии кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи А.Синои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. 

Кормандони мақомоти милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони коммуналии ноҳияи мазкур гирду атрофи биноҳои истиқоматии кӯчаи А.Сино ва атрофи МТМУ 90 аз ҳар гуна партов ва алафҳои бегонаи худрӯй тозаву озода гардонида шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button