ВарзишВидео

БОКСЁРИ ТОҶИК АСРОР ВОҲИДОВ РАҚИБИ РУСАШРО ДУ ДАФЪА БА НОКДАУН ФИРИСТОД (ВИДЕО)

Муштзан ё боксёри 26-солаи тоҷик Асрор Воҳидов баъди танаффуси тӯлонӣ бо як пирӯзии хеле барҷаста, ки бо ду нокдаун ба даст овард, ба майдони бокси касбӣ баргашт.

Санаи 23 июли соли 2022 дар яке аз рақобатҳои асосии мусобиқоти RCC Boxing Promotions дар шаҳри Екатеринбурги Русия Асрор Воҳидов рақиби русаш Евгений Ляшковро ду дафъа ба нокдаун фиристод ва чанд сония пеш аз анҷоми бозӣ пирӯзиро ба даст овард.

Асрор баъди анҷоми рақобат гуфт, ки бо як азми хеле қавӣ барои пирӯзӣ ба майдон баромада буд.

 “Ростӣ, ман хеле вақт боз бокс намекардам. Тавре дидед, каме вазнин ҳам буд, вагарна ман метавонистам хеле барвақттар тамом кунам корро. Женя пеш аз ҳама дӯсти ман аст, на рақиб ― мо дар ҷараёни омодагӣ ба якдигар ҳамеша кумак мекардем ва бокс ба дӯстии мо ба ҳеҷ сурат таъсире намерасонад. Ман зиёд тайёрӣ дида ва аз ин рӯ, имшаб ғолиб омадам. Женя мехост маро танг кунад, вале аз дасташ наомад. Ман барои ҳамаи 10 раунд омода будам”, – нақли қавл кардааст аз муштзани тоҷик хадамоти матбуоти RCC Boxing Promotions.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995  дар Исфара ба дунё омада, дар ҳамон ҷо таҳти роҳбарии мураббӣ Додобек Фатҳуллоев ба машқи бокс оғоз кардааст. Асрор устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ буда, дар бокси ғайрикасбӣ дар вазнҳои 52 ва 56 кило ҳунарнамоӣ кард. Ӯ соли 2015 медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистонро ба даст оварда, соли 2011, вақте ҳамагӣ 16 сол дошт, чемпиони ҷаҳон дар байни наврасон шуда буд.

4 соли охир Асрор дар бокси касбӣ ва асосан дар мусобиқоти RCC Boxing Promotions дар Екатеринбург ҳунарнамоӣ мекунад. Дар бокси касбӣ Асрор Воҳидов 10 рақобат анҷом дода, дар 9 рақобат пирӯз шудааст. Ӯ аз ҷумла  дар 5 рақобаташ бо нокаут соҳиби пирӯзӣ шудааст.

Ягона бохтро Асрор Воҳидов дар бокси касбӣ моҳи сентябри соли 2019 аз Муҳаммад Шехов, зодаи Бухорои Ӯзбекистон чашидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button