ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ТОҶИКИСТОН МЕХОҲАД САДҲО ЗАНУ ФАРЗАНДИ ҶАНҶГҶӮЁНИ ТОҶИКРО АЗ СУРИЯ БАРГАРДОНАД

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода рӯзи 21 июли соли 2022 дар шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия бо мақомҳои баландпояи ин кишвар, аз ҷумла бо ноиби президенташ  масъалаи ба Ватан баргардондани садҳо шаҳрванди тоҷикро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 21 июл муовини президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, роҳбари Дафтари амнияти миллии кишвар генерал Алӣ Мамлук сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфтаааст. Гуфта мешавад, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамин тавр, ҳамрони рӯзи 21 июл Зубайдулло Зубайдзода дар Димишқ бо муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот низ, бино ба иттилои расмии вазорати хориҷа, масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳҳо ва ҳамчунин густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифтааст.

Дар солҳои авҷи фаъолиятҳои гуруҳҳои тундраве, чун ДОИШ дар Сурияву Ироқ ва эълони “хилофат”  дар сарзаминҳои ишғолкардаи ин гуруҳ дар он ду кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна, ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ асосан замони дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буданашон ба доми фиреби мубаллиғони ба ном “ҷиҳод” афтода, бархе ҳатто хонахез бо аҳли оилаҳояшон ба Сурияву Ироқ рафтанд ва ба саффи созмонҳои ифротӣ ва асосан ба ДОИШ пайвастанд.

Ба ҳисоби мақомоти амниятии Тоҷикистон, беш аз 500 тан аз ҷангҷӯёни тоҷик ва зану фарзандони онҳо дар ҷараёни ҷангҳову бомбаборонҳо дар Ироқу Сурия кушта шуда, баъди аз дасти ДОИШ пас гирифтани тақрибан ҳама сарзаминҳои таҳти назораташ даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни тоҷик ва ҳамин тавр, беш аз 400 нафар аз занону фарзандони онҳо ба асорат афтоданд.

Чанд зани тоҷик дар Ироқ барои ҳамдастиашон ба ДОИШ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гардиданд.

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз талош доранд, то занону фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро ба Ватан баргардонанд. Моҳи апрели соли 2019 бо талошҳои сафир Зубайдулло Зубайдзода, 84 кӯдаки тоҷикро ба Тоҷикистон баргардонданд.

Ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, чанд сол боз беш аз 260 зану кӯдаки тоҷик дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия қарор доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ вазъи занону кӯдакони асир дар урдугоҳҳои Сурияро хеле бад  ва пур аз маҳрумият ба қалам медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button