ВидеоИқтисод

ҲУШДОРИ МАҚОМОТ АЗ АФОИШИ ҚАЛЛОБИҲО БО КОРТҲОИ “ДУШАНБЕ СИТИ БОНК”

ВКД Тоҷикистон бо нашри як ҳушдори вижа аз афзоиши мавридҳои қаллобӣ ва тасарруфи пулҳои шарҳвандон аз кортҳои “Душанбе Сити Бонк” хабар дод ва гуфт, афроди қаллоб асосан бо роҳи фиреб ба боварии мизоҷони ин бонк  даромада, рақами корт ва рамзи махфии онро ба даст оварда, ҳисобашонро холӣ ва пасандозҳояшонро тасарруф мекунанд.  Ба ин далел, ВКД аз сокинон хостааст, ки ба хотири наафтодан ба доми фиреб, аз додани рақами корт ва рамзи махфии он ба шахсони ношиносу тасодуфӣ худдорӣ кунанд.

“Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки вақтҳои охир аз ҷониби шахсони номаълум, теъдоди содир гаридани ҷиноятҳои қаллобӣ бо роҳи тасарруфи маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкии ҶСП “Душанбе Сити Бонк” зиёд шудааст.
Сабаби тасарруф гардидани маблағҳои пулӣ ин нодуруст истифода намудани кортҳои бонкӣ аз ҷониби мизоҷон ва ба шахсони ношинос пешниҳод намудани рақами корти бонкӣ ва рамзи махфӣ мебошад.
Бинобар ин аз шаҳрвандон ва мизоҷони бонкҳо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати наафтидан ба доми қаллобон, аз додани рақамҳои корти бонкӣ ва рамзи махфӣ ба шахсони ношинос ва тасодуфӣ худдорӣ намоед”,
– гуфта мешавад дар ҳушдори ВКД, ки рӯзи 21 июли соли 2022 дар сомонаҳои расмии ин вазорат нашр шуд.

“Душанбе Сити Бонк”  ҷавонтарин бонк дар Тоҷикистон ба шумор рафта, тоза 9 июни соли 2022 аз Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома ба даст овард ва расман ҳамчун бонки комилҳуқуқ эътироф шуд.

“Душанбе Сити” соли 2007 таъсис ёфта, дар солҳои аввал асосан ба анҷоми амалҳои молиявие, чун пардохтҳои экспресс ва интиқоли маблағҳо машғул буд. Соли 2018 “Душанбе Сити” ба ташкилоти хурди амонатгузорию қарзӣ табдил дода шуда, соли 2022 бонки комилҳуқуқ шуд.

Худи “Душанбе Сити” дар сомонааш мегӯяд, аз лиҳози шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон ҷои дуюмро ишғол мекунад.

Моҳи майи соли ҷорӣ як зан аз ноҳияи Темурмаликро барои шикастани банкоматҳои “Душанбе Сити” дастгир карданд. Ба ӯ ҷарима ба маблағи аз 16 ҳазор то 23 660 сомонӣ ваё то 2 сол ҳукми зиндон таҳдид мекард, вале маъмурияти бонк эълон кард, ки аз даъвояш мегузарад ва аз мақомот мехоҳад, ки ин занро ягон ҷазо надиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button