ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ СОКИНИ НОҲИЯИ АЙНӢ ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР УРМЕТАН

 Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 20-уми июли соли 2022, тахминан соати 19:45, ронандаи мошини тамғаи «ГАЗ-2705», Шарипов Аслон Усмонович, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромадааст ва дар натиҷа мошинаш ба чуқурии тахминан 40 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷаи садама, 4 мусофири ин мошин: Раҳимов Гул Хуҷович, соли таваллудаш 1965, Умонқулова Зайнура Шодмонқуловна, соли таваллудаш 1981, Зиёев Акрамалӣ Абдухолиқович, соли таваллудаш 1999 ва Воҳидова Мавлуда, соли таваллудаш 1961, сокинони ноҳияи Айнӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ба иллати  ҷароҳатҳои бардоштаашонБа иллати  ҷароҳатҳои бардоштаашон ду тан аз ин мусофирон : Раҳимов Г.Х. ва Умонқулова З.Ш.  баъдан дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд.  Даҳҳо тан аз қурбониёни садамаҳоро дар кишвар ноболиғон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button