ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

БО КУМАКИ БАЧАҲОИ ТОҶИК ДАР МАҲБАСИ ШАҲРИ НИЖНИЙ ТАГИЛ МАСҶИД КУШОДАНД (8 АКС+ВИДЕО)

Хадамоти матбуоти идораи зиндонҳои вилояти Свердловск хабар дод, ки маросимро сардори маҳбаси №12 полковник Алексей Павлов ифтитоҳ кард. Дар маросими кушодашавии масҷид ҳм муфтии мусалмонони вилояти Свердловск Ҳазрати Абдулқуддус ва ҳам сарроҳиби Нижний Тагил Феодосий  иштирок ва суханронӣ карданд.

Баъди лентабурӣ ва кушодани масҷид намояндаи Шӯрои ҷамъиятии идораи зиндонҳои Русия Денис Мустафин барои кумак ва ҳамдастиашон дар ин кори хайр, яъне кушодашавии масҷид  ба сардори маҳбас Алексей Павлов, сарроҳиб Феодосий, маъмури ҳуқуқи инсони вилоят Татяна Мерзлякова ва ҳам ба роҳбари ҷамъияти тоҷикони минтақаи Урал Яъқубҷон Умаров сипосномаҳо супурд.  Бино ба иттилои дарёфтӣ, масҷид дар маҳбаси №12 дар Нижний Тагил бо кумаки пуштибонии бевоситаи Яъқубҷон Умаров ва ҷамъияти тоҷикҳо кушода шудааст. Яъқубҷон Умаров ва ҷамъияти тоҷикҳо  дар рӯзҳои иди Қурбон низ дар яке аз маҳбасҳои Свердловск барои 1250 маҳбус оши идона пухта буданд.

Дар маросими кушодашавии масҷид дар маҳбаси шаҳри Нижний Тагил маъмури ҳуқуқи инсони вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова ва консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Сайидзода Зафар Шералӣ низ суханронӣ карданд. Зафар Сайидзода, ки тоқии миллии тоҷикӣ дар сар ба ин маросим омада буд, таъкид кард, ки дар ин маросим бо иттифоқи ҳам иштирок кардани намояндагони динҳои Ислом ва масеҳӣ барояш хеле хуш омадааст. Ӯ хостори чунин иттифоқу ҳамдилии байни намояндагони динҳои гуногун дар тамоми соҳоти зиндагӣ шуд.

Дар маросим намояндагони ҷамъияти тоҷикҳои минтақаи Урал зиёд дида мешуданд. Аксари онҳо дар сар тоқиҳои миллии тоҷикӣ доштанд.

Дар маҳбасҳои Русия, бино ба иттилои дарёфтӣ, беш аз 7 ҳазор тан аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Як қисми онҳо дар маҳбасҳои вилояти Свердловск, аз ҷумла дар маҳбаси №12 шаҳри Нижний Тагил бо умеди озодии ҳарчӣ зудтар рӯзшуморӣ мекунанд.

Дар идораи зиндонҳои Русия умедворанд, ки кушода шудани масҷидҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбусони мусалмон таъсири мусбат расонда, барои ҳарчӣ зудтар ба роҳи дуруст рост шудани онҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар маҳбаси ИК-12 дар шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловски Русия як ҳамоиши байни динҳо баргузор гардида, барои маҳбусони мусалмон масҷид кушода шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button