ВидеоМуҳоҷирон

17 ВА 19 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ САЙЁД МИРЗОҶОНОВ ВА ЗАФАР МУҲАММАДИЕВ БАРОИ ФУРӮШИ МАВОДИ МУХАДДИР ВА ҲАМЛАИ МУСАЛЛАҲОНА БА 2 АФСАРИ ПУЛИСИ РУСИЯ (3 АКС)

Додгоҳи вилояти Кургани Русия рӯзи 21 июли соли 2022  ду шаҳрванди Тоҷикистон Сайёд Мирзоҷонов ва Зафар Муҳаммадиев, соли таваллуди ҳарду 1998-ро  бар асоси қисми сеюми моддаи 30 – қисми чоруми моддаи 228.1 ва моддаи 317 Кодекси ҷиноятии Русия дар кӯшиши ба фурӯш баровардани маводи мухаддир ва сӯиқасд ба ҷони ду корманди пулис гунаҳкор шинохта, Мирзоҷоновро ба 17 сол ва Мухаммадиевро ба 19 соли маҳбаси низомаш сангин маҳкум кард. Додгоҳ ҳамчунин даъвои яке аз пулисҳои ҳангоми боздошти Мирзоҷонов ва Муҳаммадиев захмишударо қонеъ гардонда, ҳамчун  товони зарар ба ин афсари пулис Мирзоҷоновро ба пардохти  200 ҳазор рубл ва аз Муҳаммадиевро ба пардохти 1 миллион рубл муваззаф сохт.

Барои ин ҷиноятҳои ба гарданашон дайншуда ба ин ду ҷавони тоҷик тибқи қонунҳои Русия то ҳукми зиндони умрбод таҳдид мекард.

Додситонӣ қаблан аз додгоҳи Курган барои Мирзоҷонов 17 соли зиндон ва барои Муҳамммадиев 20 сол талаб карда буд.

Барои пуштибонӣ аз айбномаи зидди ин ду ҷавони  тоҷик додситони вилояти Курган Андрей Назаров (ДАР АКС) худаш шахсан ба мурофиа ҳозир шуд ва аз номи додситонӣ суханронӣ кард.

Додситони вилояти Курган Андрей Назаров (дар маркази акс) ҳангоми суханрониаш дар додгоҳи Мирзоҷонов ва Муҳаммадиев. Акс аз хадамоти матбуоти додситонии вилояти Курган

Ду афсари ҳангоми боздошти ин зодагони Тоҷикистон дастгиршударо бо фармони президенти Русия Владимир Путин медалҳои “Барои корнамоӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ” (“За отличие в охране общественного порядка”) сарфароз гардонданд ва ин медалҳоро як рӯз қабл аз эълони ҳукми Сайёд Мирзоҷонов ва Зафар Муҳаммадиев  сардори пулиси вилояти Курган  генерал Дмитрий Свинов (ДАР АКСИ ПОЁН) худаш шахсан ба Севастянов ва Поспелов супурд.

Бар асоси маводи парванда, субҳи 15 сентябри соли 2021, тақрибан соати 8:30, афсарони пулис Севастянов ва Поспелов дар назди бинои № 31 дар маҳалла ё микрорайони 3-юм дар ноҳияи Заозернийи шаҳри Курган тасодуфан ду мардеро диданд, ки чизеро дар пинҳонгоҳҳо руст мекарданд. Кормандони пулис ба пеши ин ду нафар омада, ҳуҷҷати хидматии худро нишон доданд ва амр доданд, ки ҳамроҳи онҳо бираванд.

Вале, тавре додраси парванда дар анҷоми мурофиа дар ҳукмаш гуфт, “айбдоршавандагон аз итоат ба амри кормандони пулис саркашӣ кардаанд. Мирзоҷонов  корд баровардааст, вале корманди пулис Севастянов кордро аз дасти вай кашида гирифта, дур партофтааст. Дар ин ҳангом Муҳаммадиев Севастяянов ва пулиси дуюм Поспеловро корд задааст. Баъди ин ҳарду айбдоршванда аз маҳалли ҷиноят гурехтаанд”.

Барои боздошти ҷинояткорони мусаллаҳ дар саросари вилояти Курган нақшаи “Сирена“  ба роҳ андохта шуд ва ба зудӣ ҳардуро дастгир карданд. Пулиси Курган он вақт гуфт, аз мошини Мирзоҷонов ва Муҳаммадиев беш аз 100 грамм маводи мухаддири навъи ҳероин пайдо кардаанд, ки барои ҷобаҷо кардан дар пинҳонгоҳҳо омода карда шуда буд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

Аз беш аз 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекунанд, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Бар асоси маводи пойгоҳи хабарии https://ura.news/ (ИА УРА.РУ)

Сардори пулиси вилояти Курган генерал-майор Дмитрий Свинов худаш шахсан ба ду афсари пулиси ҳангоми боздошти зодагони Тоҷикистон захмишуда медалҳоро супурд. Акс аз хадамоти матбуоти РВКД вилояти Курган

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button