ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РОНАНДАИ МАСТ ДАР СОАТИ СЕИ ШАБ САБАБИ МАРГИ ЗАНИ МУСОФИР ШУД

Шаби 20 июл, соати 03:20, дар шаҳри Турсунзода як ронандаи маст бо мошини тамғаи “Дэу-Тико” ба мумфарши нимтайёри дар як қисмати роҳ рехташуда бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда ва 3 мусофираш ҷароҳат бардошта, як зани 31-сола дар бемористон ҷон бохтааст.

Дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон дар  482 садама 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

ххххххххххххххх

Сокини 30-солаи ноҳияи Фархор  ба он гумонбар мешавад, ки соати яки шаби 14 ба 15-уми июл аз заминҳои хоҷагии деҳқонии як сокини Фархор дар ҷамоати Дарқад як сар чорвои калонро дуздида, ба соҳиби гов 10 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати зани мусофир дар ҳодисаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

20-уми июли соли 2022, тахминан соати 03:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Ваисов Анвар Салимҷонович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Турсунзода, дар ҳолати мастӣ қарор дошта ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи 15-солагии Истиқлолияти шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мумфарши нимтайёри дар як қисмати роҳи автомобилгард рехта шуда, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда, Ваисов А.С. ва мусофиронаш: Ваисов Ҳамза Сатторович, соли таваллудаш 1988, Раҷабова Насиба Назаровна, соли таваллудаш 1990 ва Азизова Мадина Назаровна, соли таваллудаш 1991, сокинони шаҳри мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Дар беморхона Азизова М.Н. ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд.  Даҳҳо тан аз қурбониёни садамаҳоро дар кишвар ноболиғон ташкил медиҳанд.

Ошкор шудани дуздии чорво

048

Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 14 ба 15-уми июли соли 2022, тахминан соати 01:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Дарқади ҳамин ноҳия 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button