Минтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

РАҲБАРИ ИДОРАИ ҶОСУСИИ АМРИКО: ПУТИН НА БЕМОР, БАЛКИ ХЕЛЕ СОЛИМ БА НАЗАР МЕРАСАД

Уилям Бёрнс, мудири Идораи марказии ҷосусии Амрико (CIA, ЦРУ) дар анҷумани амниятии Аспен дар аёлати Колорадо гуфт, дар бораи бемор будани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ё бад будани вазъи саломатии ӯ ягон маълумоти ҷосусӣ дар даст надорад.

Дар матбуот вақтҳои охир ҳадсу гумонҳое нашр мешаванд, ки гӯё Путин, ки 7 октябри соли ҷорӣ ба синни 70 мерасад, аз бемориҳои ҷиддӣ, аз ҷумла аз саратон азият мекашад.

Вале Уилям Бёрнс ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки ин иддаоҳоро исбот кунад. Бёрнс ҳатто шӯхиомех гуфт, ки Путин “хеле солим” ба назар мерасад.

“Дар бораи саломатии президент Путин овозаҳои зиёде мечарханд, вале, то ҷое мо метавонем қазоват кунем, ӯ хеле солим ба назар мерасад “, – гуфт Бёрнс дар анҷумани Аспен. Вале ӯ таъкид кард, ки ин суханонаш хулосаи расмии идораҳои ҷосусӣ нест.

Уилям Бёрнс, ки қаблан дар мақоми сафири Амрико дар Маскав кор кардааст, гуфт, бо Путин дар тӯли беш аз ду даҳсола дар тамос буд ва шахсияташро хеле омӯхтааст.

Бар асоси бардоштҳои роҳбари идораи ҷосусии Амрико, Путин “тарафдори ашаддии назорат, тарсондан ва ниқорҷӯӣ “ буда, ин вижагиҳои табиати ӯ бавижа дар 10 соли охир, ки доираи мушовиронаш маҳдуд шуд, барҷастатар шудаанд.

“Ӯ мӯътақид аст, ки рисолати вай ҳамчун роҳбари Русия эҳёи Русия ҳамчун кишвари абарқудрат аст.  Ӯ барқарор кардани қаламрави нуфуз бар ҳамсояҳои Русияро калиди расидан ба ин ҳадаф мешуморад ва бар ин аст, ки агар Украинаро таҳти назорат надарорад, ба ин ҳадафи худ ноил шуда наметавонад “, – изҳор дошт раҳбари идораи ҷосусии Амрико.

Уилям Бёрнс

Уилям Бёрнс моҳи ноябри соли 2021  дар пайи инки мақомоти ҷосусии Амрико дар бораи нақшаи ҳамлаи Русия ба Украина маълумоти мувассақ ба даст оварданд, ба Маскав омад, то роҳбарони Русияро аз оқибатҳои ҷиддии  ин ҳамла ҳушдор диҳанд. Вале, гуфт Бёрнс, “ман аз Маскав бо нигаронии аз соати омаданам боз ҳам бештар баргаштам”.

Ба ақидаи Бёрнс, нақшаҳои Путин бар асоси “ҳадсзаниҳои комилан иштибоҳӣ ва бархе хаёлбофиҳо бахусус дар мавриди Украина ва азми ин кишвар ба муқовимат сохта шуда буд”.

“Путин дар ҳақиқат ба ҳарфҳои худ бовар дорад. Ман шунида будам, ки ӯ дар тӯли чандин сол дар суҳбатҳои хусусӣ мегуфт, ки Украина давлати воқеӣ нест. Вале давлатҳои воқеиянд, ки муқовимат нишон медиҳанд. Дуруст ҳамон коре, ки Украина кард “, – гуфт Бёрнс.

Бино ба ҳисобҳои Амрико, талафоти Русия дар Украина то имрӯз тақрибан 15 ҳазор кушта ва наздики 45 ҳазор захмиро ташкил медиҳад. Раҳбари Идораи марказии ҷосусии Амрико гуфт, талафоти ҷониби Украина каме камтар аз талафоти Русия аст.

Ӯ афзуд, тамаркузи артиши Русия ба Донбасс нишон медиҳад, ки ҳарбиёни рус аз шикастҳои худ сабақи талх гирифтаанд.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи инки сокинони Донбасс гӯё ба хатари генотсид (қатли ом) дучор шудаанд ва бояд онҳоро озод кард, ба хоки Украина ҳамла овард.

Бо гузашти 5 моҳ аз оғози ҷанг, Русия тавонист қисматҳоеро дар шарқ ва ҷануби Украина ишғол кунад, вале ба ҳадафи аввалааш –  ишғоли Киев, пойтахти Украина ноил шуда натавонист. Ба ин далел, нирӯҳои Русия аз самти Киев ақибнишинӣ карданд ва ҳоло Маскав иддао дорад, ки гӯё ҳадафаш танҳо озод кардани Донбасс буд.

Путин аз поёни соли 1999, инак қариб 23 сол боз бар Русия раҳбарӣ мекунад. Дар ин байн 4 сол: аз соли 2008 то 2012,  ӯ бар Русия ҳамчун сарвазир раҳбарӣ мекарду дар курсии президентӣ барои намуд Дмитрий Медведевро нишонда буд.

Мунтақидон Путинро ба эҷоди як низоми худкома, ғасби ҳукумат ва тамдиди замони раёсаташ бо роҳи тағйири Қонуни асосӣ ва дигар қонунҳо айбдор мекунанд. Тарафдоронаш баракс бар инанд, ки “Путин Русияро ба по хезонд” ва дубора ба кишвари абарқудрат табдил медиҳад ва ба ҳамин далел, ӯро дар Ғарб бад мебинанд.

Манбаъ: BBC News

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button