ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ РОНАНДАЕ, КИ ПИЁДАГАРДРО ЗАДУ ГУРЕХТ ВА ИФШОИ САРЧАШМАИ СИЛОҲИ САРД ДАР ПОЙТАХТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти РВКД Душанбе

Садама: боздошти ронандагони фирорӣ

Садама: боздошти ронандагони фирорӣ

  Санаи 17.07.2022, тахминан соати 23:30 ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21015», рақами қайди транзитиаш Е2539НО01, шаҳрванд Эргашов Бобоҷон Ҷурабекович, санаи таваллудаш 20.07.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Абай, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Ҷомӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, як нафар марди 38-солаи сокини шаҳри Душанберо бо қисмати пеши автомашинааш зада, аз пой меафтонад, ки номбурда бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад.
  Баъд аз садама ронандаи мазкур бо мақсади аз ҷавобгарӣ пинҳон шудан аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Эргашов Бобоҷон дастгир карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур айни замон маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Ошкорсозии сарчашма-паҳнкунандаи силоҳи сард дар пойтахт

Ошкорсозии сарчашма-паҳнкунандаи силоҳи сард дар пойтахт

  Дар натиҷаи гузаронидани корҳои санҷишӣ дар доираи амалиёти шартии «Корд», аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як нафар сарчашма, яъне паҳнкунандаи предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян карда шуд.
  Зимни санҷиш дар бозори «Корвон» воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ошкор карда шуд, ки соҳибкори инфиродӣ Чилаев Зафар Пираҳмадович, соли таваллудаш 23. 07. 1978. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ ба фурӯши предметҳои халандаю бурранда машғул мебошад. Зимни азназаргузаронӣ аз фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди кордҳои гуногунтамға, ки ба сифати силоҳи сард истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд.


  Бо назардошти ҳалатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Чилаев Зафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бори дигар ба маълумоти кулли шаҳрвандон мерасонад, ки милитсияи пойтахт ҷиҳати мубориза бар зидди амалу кирдорҳои ҷиноятӣ, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мешаванд то пурра аз байн бардоштани ин омили номатлуб муборизаи беамон мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button