ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ОЗАРБОЙҶОН МАҲБУБА МИРЗОҒОЕВАРО БА ТОҶИКИСТОН СУПУРД

Додситонии кулли Озарбойҷон хабар дод, ки рӯзи 19 июли соли 2022 аз ин кишвари Қафқози ҷанубӣ Мирзоғоева Маҳбуба Абдусамиевнаро, ки дар Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад, ба Душанбе истирдод кардаанд.

Додситонӣ шгуфт, Мирзоғоеваро конвойи махсуси Хадамоти зиндонҳои вазорати адлияи Озарбойҷон ба Тоҷикистон бурда, ба дасти мақомоти он кишвар супурдаанд.

Бино ба иттилоияи нашршуда, Додститонии кулли Тоҷикистон ба Додситонии кулли Озарбойҷон муроҷиат карда, хостори истирдоди Мирзоғоева ба Тоҷикистон бо мақсади ба ҷавобгарӣ кашондани ӯ барои ҷинояти дар ҳудуди ин кишвар содиркардааш шуд.

Гуфта мешавад, Маҳбуба Мирзоғоева дар Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад, вале ҷузъиёти айбномааш нашр нашудааст.

Ҳар сол даҳҳо нафари аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ҷустуҷӯшавандаро дар кишварҳои дигар дастгир ва аксари онҳоро баъдан ба Тоҷикистон истирдод мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари ҷинояткорони фирорӣ дар Русия пинҳон мешаванд.

Истирдоди Маҳбуба Мирзоғоева яке аз нахустин мавридҳои ошкоршудаи дар қаламрави Озарбойҷон пинҳон шудани онҳоест, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button