ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНҲОИ РОҲГУЗАР ДАР ПАНҶАКЕНТ ВА РӮДАКӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 18 июл дар роҳи Ёвон – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Гулоби ноҳияи Рӯдакӣ ва дар ҳудуди деҳаи Кӯлолӣ дар канори Панҷакент ду кӯдак зери чархи мошинҳои роҳгузар монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштаашон дар бемористон ҷон бохтаанд. Яке аз ин кӯдакон 6 сол ва дуюмӣ ҳамагӣ 4 сол дошт.

Бино ба иттилои ВКД, 18-уми июли соли 2022, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хендай-Соната”, Шарифзода Ҳамзаи Шералӣ, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Гулоб бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, хурдсол Эшпулодов Абдулло, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Эшпӯлодов А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 18-уми июли соли 2022, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота РАВ-4», Облоқулов Соҳибҷон Самиқулович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Кӯлолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии ҳамин шаҳр, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол Сулаймонзода Гулрӯ Нозим, соли таваллудаш 2018, сокини Панҷакенто пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Сулаймонзода Г.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд.  Даҳҳо тан аз қурбониёни садамаҳоро дар кишвар ноболиғон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button