ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳ

ФОҶИА ДАР ДЕВАШТИЧ: КУШТОРИ БЕРАҲМОНАИ ДУ ЗАНИ ФАРРОШ

Хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” рӯзи 20 июли соли 2022 бо истинод ба манбааш дар ҳукумати Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд хабар дод, ки корманди кумитаи ободонии ин ноҳияи воқеъ дар шимоли Тоҷикистон бо номи Саҳобиддин Мунавваров ду зани фаррошро куштааст. Ҳарду зан аз як хонавода ва сокинони ҷамоати Ғазантарак будаанд. Бино ба иттилоъи “Спутник”, он рӯзи наҳс ин ду зан барои поккории  бинои идораи заминсозӣ рафтаанд ва дар  ин ҳангом як корманди идораи ободонӣ ҳозир шуда, ҳардуро ба қатл расонидааст.  Сабаби куштани ин ду зан маълум нест.

Манбаи “Спутник дар ҳукумати ноҳияи Деваштич гуфтааст: “Аз шунидани ин хабари мудҳиш мо кормандони ҳукумат то ҳол дар ҳолати шок ҳастем. Чаро корманди идораи ободонӣ даст ба ин кор зад?, барои мо муаммо аст”.

 Манбаи “Спутник” гуфтааст, ки мақомоти милитсия нафари гумонбарро дастгир кардааанд ва дар робита ба ин ин ҳодиса аз ҷониби додситонӣ бар асоси моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори ду нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ба Саҳобиддин Мунавваров барои куштани ду нафар то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

ВКД Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки дар нимаи аввали сол дар Тоҷикистон аз ҷумла 22 одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва 64 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Дар нимаи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон 20 куштор рух дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button