ВидеоҶомеа

10-ШАБОНАРӮЗӢ ҲАБСИ 4 СОКИНИ МАҲАЛЛАИ ЗАРАФШОНРО БАРОИ ХУДНАМОӢ ДАР РӮЗИ ТӮЙ (7 АКС)

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чор сокини маҳаллаи Зарафшон: ронанда ва се мусофири ӯро барои худнамоӣ дар рӯзи тӯй ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ маҳкум ба ҳабси маъмурӣ кардааст. Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, як сокини пойтахт бо ирсоли навор аз мақомоти милитсия хостааст,  то нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Сната», рақамҳои қайди давлатиаш 20 20 HD 01 ва мусофиронаш, ки рӯзи 17 июли соли 2022 ҳангоми ҳаракат дар як корвони тӯй дар кӯчаи Зарафшон қисмати бадани худро аз тирезаҳои паҳлуии автомашина ба берун бароварда, бо овози баланд тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд, чораҳои қонунӣ андешиданд.

Милитсияи Душанбе ба нафаре, ки навори худнамоии ин 4 нафарро фиристод, изҳори сипос карда, аз шаҳрвандон хостааст, дар бораи ҳар мавриди қонуншиканӣ аксу навор гирифта, ба мақомоти милитсияи пойтахт ирсол кунанд.

10-шабонарӯз: ҳабси ронанда ва 3-нафар мусофирон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Ба суроғаи электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як нафар сокини пойтахт бо ирсоли навор аз мақомоти милитсия дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Соната», рақамҳои қайди давлатиаш 20 20 HD 01 ва мусофирони он, ки ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Зарафшон қисмати бадани худро аз тирезаҳои паҳлуии автомашина ба берун бароварда, бо овози баланд тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Дар натиҷаи санҷиши навори мазкур ва гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Соната», рақамҳои қайди давлатиаш 2020HD01, шаҳрванд Норов Дилшод Иноятуллоевич, санаи таваллудаш 23.01.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон мебошад.


  Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки ҳодисаи мазкур санаи 17-уми июли соли ҷорӣ ҳангоми иштирок дар маросими тӯйи домодӣ дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух додааст.
  Дар натиҷа муайян гардид, ки он се нафаре, ки худро аз автомашина берун бароварда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд шаҳрвандон:
Амонов Амонулло Абдуҳалимович, санаи таваллудаш 15.09.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон;


Очилов Шаҳром Мирзоевич, санаи таваллудаш 26.09.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон;


Бӯронов Умаршо, санаи таваллудаш 01.01.1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Зафар мебошанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда ва ҳар се мусофиронаш протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Сино нисбати ҳар кадоме ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.


  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон, махсусан он нафаре, ки худро бетараф нагирифта, бо мақсади пешгирии қонуншиканӣ ҳолати мазкурро ба навор гирифта, тариқи суроғаи электронӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намудааст, изҳори сипос менамояд. Ҳамзамон аз дигар шаҳрвандон низ хоҳиш карда мешавад, ки бо мақсади таъмини тартибот ва волоияти қонун бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button