Ҷомеа

ПАНҶУНИМ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ШАВҲАРИ ЗОЛИМ БАЪДИ ҚАСДИ ХУДКУШИИ НИГИНА

Додгоҳи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сокини деҳаи Сариосиёи ҷамоати Сарбанд Қаҳрамон Умаровро бар асоси қисми дуюми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар расондани ҳамсараш Нигина Усмонова то ба худкушӣ гунаҳкор шинохта, ба 5 солу 6 моҳи маҳбаси низомаш пурзӯр маҳкум кард.

 Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон  дар шарҳи ин парванда хабар дод, ки Умаров Қаҳрамон Туйчиевич бо Усмонова Нигина Ботиралиевна санаи 27 ноябри соли 2016 оила барпо намуда, дар давраи зиндагии якҷоя мунтазам нисбати ҳамсараш муомилаи бераҳмона карда, шаъну шарафашро паст мезадааст.

Аз ҷумла алакай санаи 20.12.2016, вақте ки Нигина ҳанӯз арӯси дар чилла буд, вай  телефони шавҳарашро гирифта ба волидайнаш ҳамсуҳбат шудааст ва баъди анҷоми суҳбат телефонро ба шавҳараш надода, дар як тараф гузоштааст. Ин амали ӯ ба шавҳараш Умаров Қ. Т. писанд наомада, ӯро ба наздаш даъват карда, бо баҳонаи он, ки телефонро ба дасташ надодаас,т бо мушт чор маротиба ба сару рӯйи Усмонова Н.Б. задааст.

Дафъаи дигар, санаи 23.03.2018 Умаров Қ.Т., ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Маскави Русия қарор дошт, ба ҳамсараш  телефонӣ суҳбат карда, бо ин суханон, ки гӯё ӯ дар Маскав барои худ маъшуқа ёфтааст ва бо вай муносибати ошиқона дораду ишқварзӣ мекунад, рашки ҳамсарашро овардааст. Нигина аз шунидани суханҳои шавҳараш нороҳат шуда, норозигӣ баён намуда изҳор кардааст, ки ба хонаи волидонаш меравад. Умаров Қ.Т. аз ин сухани ҳамсараш Усмонова Н.Б. ба ғазаб омада, нисбат ба ҳамсараш ва волидонаш суханҳои таҳқиромез ва дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи Усмонова Н.Б.-ро паст задааст.

Усмонова Н.Б. пас аз шунидани ин суханони таҳқиромези шавҳараш маъюс гардида, бо мақсади худкушӣ 8 адад кулчадору (таблетка) истеъмол намудаааст ва дар натиҷа бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Вале Қаҳрамон Умаров баъди аз Русия омаданаш ҳам мунтазам муносибатҳои бераҳмонаашро бо ҳамсараш идома додаааст. Оқибат санаи  20.03.2021,  тахминан соати 13:00, Нигина Усмонова ба хонаи хобашон даромада, 25 дона кулчадоруҳои гуногунро истеъмол карда, боз қасди худкушӣ кардааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои расондан ба худкушӣ аз 3 то 8 соли зиндонро ҳамчун ҷазо муқаррар кардааст.  Аммо танҳо теъдоди ангуштшумори парвандаҳои бо иттиҳоми расондан ба худкушӣ  кушодашуда дар Тоҷикистон то ба додгоҳ мерасанд ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд. Наздикони заноне, ки худкушӣ мекунанд, дар бисёр мавридҳо асосан ба хотири фарзандони ятиммондаи онҳо ба муомила бо тарафи шавҳар розӣ мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button