Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ГАРМОИ ШАДИД ДАР ТОҶИКИСТОН КАМАШ ТО 23 ИЮЛ “ТОХТУТОЗ” ХОҲАД КАРД

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар дод, ки гармои шадид даор кишвар дастикам то 23 июли соли 2022 боқӣ хоҳад монд. Қаблан обуҳавошиносон гуфта буданд, ки гармои шадид дар Тоҷикистон аз 18 то 20 июл “тохтутоз” хозад кард. Бино ба пешбинии нави ҳавошиносон,  аз 19 то 23 июл ҳарорати шаво дар водиҳои Тоҷикистон 39+44 дарҷа гарм ва ноҳияҳои ҷанубии кишвар то 45+47 дарҷа гарм мешавад. Рӯзи 18 июл низ ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои ҷануби водии Хатлон то +47 дарҷа гарм шуда буд ва сокинон аз гармои тоқатфарсо шикоят доранд.

 Рӯзи 19 июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои софи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа ва рӯзона 41+46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво софи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  софи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 41+43 дараҷа гарм мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button