ФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ЛАТОФАТ БАРЗИЕВА – ИҶРОКУНАНДАИ НАҚШИ ХУШДОМАНҲОИ ЗОЛИМ

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Латофат Барзиева рӯзи 19 июли соли 2022 дар синни 74 аз олам чашм пӯшид. Латофат Барзиева, ки бештар бо иҷрои нашқи хушдоманҳои золим маъруф шуда буд, солҳои зиёде дар саҳнаи театри академии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ карда, солҳои охир дар театри “Аҳорун” кор мекард. Рressa.tj аз қавли ҳамкоронаш хабар дод, марги Латофат Барзиева ногаҳонӣ будааст, зеро ҳунарпеша бемор набуд ва чанде пеш дар спектакли “Ишқ ва қурбониҳояш” ба саҳна баромада буд.

Tеатри Аҳорун  дар Фейсбук дар сӯги Латофат Барзиева навиштааст: Ба аҳли театр ва фарҳанги тоҷик, ба алоқамандони ҳунар ва хешовандони ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Латофат Барзиева даргузашти уро таслият мегӯем. Театри тоҷик ҳунарманди фидокор ва ошиқи кори худ ба мисли Латофат Барзиева кам дидааст. Равони устоди ҳунар шод ва ёди некаш ҳамеша гиромӣ бод!

Латофат Барзиева 20 майи 1948 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм намуда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолияташро шурӯъ намуд ва бо силсилаи нақшҳои офаридааш худро ҳамчун ҳунарпешаи бомаҳорат муаррифӣ кард. Образҳои офаридааш аз рӯи хислату амал фарқ доранд, лекин умумияташон  дар иҷрои самимии онҳо аз сӯи ҳунарпеша буд. Дар тарҷумаи ҳоли Латофат Барзиева дар Википедия гуфта мешавад, ки ӯ дар бисёр намоишномаҳо нақшофарӣ кард ва бо талош ва омӯзиши пурсаброна симои қаҳрамононашро пурра мекушод.

«Мирзо Ризо», «Муфаттиш», «Фелисяна», «Камбағалӣ айб нест», «Қуллаи Фудзияма», «Хатро ман навишта будам», «Роҳзан ва кӯзагар», «Шоҳ Эдип», «Шоҳ Лир», «Синдбоди дарёгард», «Зебуниссо», «Дӯсти ман — душмани ман», «Умари Хайём», «Парвози Шоҳин», «Бист дақиқа бо фаришта», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», «Бой ва хидматгор», «Раъду барқ», «Ҷияни хира», «Афсонаҳои мӯйсафед», «Моҷаро дар Кёза», «Дохунда», «Интизорӣ», «Парвози Сабзабаноз» аз ҷумлаи намоишномаҳоест, ки Латофат Барзиева дар онҳо нақш офаридааст. Ӯ дар бисёр намоишномаҳои кӯдакона низ  нақшҳои хотирмон офаридааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button