ВидеоТоҷикистон

АЗ АВВАЛИ СОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 261 НАФАР БАРОИ ЭКСТРЕМИЗМ БОЗДОШТ ШУДААНД

ВКД Тоҷикистон бо ҷамъбасти фаъолияти нимсолааш хабар дод, ки дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар кишвар 12 482 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи гузашта 1396 ҷиноят камтар мебошад. Дар нимаи аввали сол дар Тоҷикистон аз ҷумла 22 одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор, 64 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 16 ҳолати таҷовуз ба ному, 8 ҳолати одамфурӯшӣ, 65 мавриди ғоратгарӣ, 544 авбошӣ ва 20 ҳолати тамаъҷӯӣ, 1144 ҳолати қаллоб ва 1858 ҳолати дуздӣ ба қайд гирифта шуда, кормандони милитсия ҳамчунин 223 ҳолати ҷиноятҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддирро ошкор кардаанд.

Дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 472 ҳолати сӯхтор ва 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар сӯхторҳо бошад 9 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак ҷон бохтаанд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабариаш гуфт, дар нимаи аввали соли ҷорӣ кормандони ВКД 261 узви созмонҳои ифротию террористиро дастгир кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон мухолифини сиёсии худ аз “Гуруҳи 24”, ҲНИТ ва Паймони миллиро низ “аъзои созмонҳои ифротию террористӣ” меноманд.

Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир беш аз 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои ифротию террористӣ дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Дар нимаи аввали сол, ба гуфтаи вазир, 44 нафаре, ки бо чунин ҷурмҳо дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дар кишварҳои хориҷӣ дастгир карда шуда, ба Тоҷикистон оварда шуданд. Аз ин шумор 41 нафарро Русия ва се  нафари дигарро Миср, Туркия ва Қазоқистон ба Душанбе супурдаанд.

Варақаи матбуотӣ

оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли 2022

Дар шаш моҳи соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ 12482 (2021-13878) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1396 ҷиноят кам мебошад.

Дар ин давра аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 8316 (2021-9253) ҷиноят ошкор карда шудааст.

Аз ҷумла, ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 22 (2021-20), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 64  (2021-62), таҷовуз ба номус – 16  (2021-16), савдои одамон – 8 (2021-6), роҳзанӣ – 21 (2021-18),  ғоратгарӣ – 65 (2021-75), дуздӣ – 2858 (2021-3566), қаллобӣ – 1144 (2021-1481), авбошӣ – 544 (2021-510), тамаъҷӯӣ 20 (2021-25), ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор – 223 (2021-257) ҳолат ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шуданд.

            Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин давра аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта муайян ва дастгир карда шуданд.

Аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тонна  маводи мухаддир мусодира карда шудааст.  

Ҳамчунин 2605 адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда аз муомилот боз дошта шуд.

Дар ин давра 431 (2021-390) ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо ба қайд гирифта шудааст.

 Аз тарафи ҷавонон ва ё бо иштироки онҳо 1944 (2021-2818) ҳолати ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 874 ҷиноят  кам мебошад.

Дар 6 моҳи соли 2022 бар асари 482 (2021-472) ҳодисаи роҳу нақлиёт 180 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 509 (2021-537) нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 472 (2021-555) ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 ҳодисаи сӯхтор кам мебошад.

Дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 14 миллиону 394 ҳазор (2021-16 млн 722 ҳазор) сомонӣ зарари моддӣ расидааст.

Дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар шаҳрвандон фавтидаанд, ки аз инҳо 3 нафар ноболиғон мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД 15 чорабинии варзишӣ, аз инҳо 2 мусобиқаи кушод (спартакиада) байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ, 13 мусобиқаи идоравию сатҳи вилоятӣ, 2 вохӯрӣ бо варзишгарон, инчунин 105 бозиҳои рафиқона аз намуди футбол ташкил ва гузаронида шудааст. 

Инчунин, дар ин давра варзишгарон ва дастпарварони аъзои дастаи Шӯрои мазкур дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 45 медали тилло, 28 медали нуқра  ва 36 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button