АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТОЛИБОН ГУФТ, ДОИШИҲОИ МАСЪУЛИ ҲАМЛАҲОИ МУШАКӢ БА ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОНРО АЗ БАЙН БУРД (ВИДЕО)

Ҷунбиши Толибон, ки ҳукуматро дар Афғонистон дар даст дорад, хабар дод, ки нирӯҳои вижааш шаби 17 июли соли 2022 дар як амалиёти вижа дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷангиёни созмони тундрави “ДОИШ- Хуросон”-ро, ки дар ҳамлаҳои мушакӣ ба қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон даст доштанд, аз байн бурдаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи расмии ба ном “Иморати исломӣ”, субҳи 17 июл дар саҳифааш дар Твиттер бо нашри як видео аз ҷараёни ин амалиёт навишт:  “Шаби гузашта дар минтақаи Қанчағаи вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз қотеоти хоси Иморати исломӣ як маркази хавориҷро кафш карда ва аз байн бурданд. Дар ин амалиёт се тан аз хавориҷ ҳалок ва панҷ тан зинда дастгир шуданд. Васоит ва васоили тахрибии онҳо тасарруф гардид. Инҳо чанде пеш Ӯзбекистону Тоҷикистонро омоҷи ҳамалоти рокетӣ қарор дода буданд”.

Толибон рақибони худ аз гуруҳи тундрави“ДОИШ- Хуросон”-ро “хавориҷ” меноманд, ки маънои бединшудагонро дорад.

 Дар видеое, ки Муҷоҳид нашр карда, ба ҷуз аз лаҳзаҳои амалиёт ҳамчунин пораҳое аз баёноти яке аз дастгиршудагон низ нашр шудааст. Ин нафар, ки худро Асируллоҳ валади Нурмуҳаммад аз вилояти Кобул муаррифӣ мекунад, даст доштанашон дар анҷоми ҳамлаҳо ба қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистонро эътироф мекунад, вале иддао мекунад, ки гӯё ин ҳамлаҳо дар ҳамоҳангӣ бо нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд анҷом дода мешуданд.

 “Нирӯҳои муқовимат аз Панҷшер ва Андаробҳо ин васоилро барои мо дастрас мекарданд ва аз мо хоста мешуд, ки ба Тоҷикистону Ӯзбекистон зарба бизанем”, – мегӯяд дар баёноташ ин ҷангҷӯи аз ҷониби Толибон дастгиршуда. Тафтиши инки оё ӯ ин суханонро бо ихтиёри худ ба забон меорад ваё таҳти фишор, ғайримумин аст.

Панҷшер ва Андаробҳо ду пойгоҳи асосии нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст, ки қариб як сол боз ба зидди режими нави Толибон меҷанганд.

Дар ин Ҷабҳа иддаои гӯё дар анҷоми зарбаҳо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамдастӣ кардани нирӯҳои муқовиматро “пӯчу беасос ва маҳсули хаёли хоми Толибон, ки сирф ба хотири таблиғу пропаганда расонаӣ шудааст” меноманд.

Як намояндаи Ҷабҳаи муқовимат ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Толибон бо чунин даъвоҳои бебунёд мехоҳад мақомоти Тоҷикистонро ба қатъи пуштибонӣ аз ин ҷабҳа, ки бисёре аз роҳбаронаш, аз ҷумла худи Аҳмади Масъуд дар Тоҷикистон қарор доранд, моил кунад.

Тоҷикистон аз шумули кишварҳои ангуштшумори дунёст, ки “Иморати исломӣ” – режими нави Толибонро дар Афғонистон қабул накард ва аз нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат пуштибонӣ мекунад.

Тайи моҳҳои охир қаламрави бо Афғонистон ҳаммарзи Тоҷикистону Ӯзбекистон чанд дафъа аз хоки он кишвари ҳамсоя мушакборон шуданд.

Аз ҷумла рӯзи 7 майи соли 2022 ба ҳудуди минтақаи марзии Панҷ аз қаламрави вулусволии Хоҷаи Ғори вилояти Тахори Афғонистон дастикам 7 мушак партоб шуд. Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон дар як изҳорот гуфт, ки гӯё ин мушакҳо дар ҷараёни як задухӯрди байни Толибон ва ДОИШ “тасодуфан” ба қаламрави Тоҷикистон афтодаанд. Вале гуруҳи “ДОИШ- Хуросон”  масъулияти ин мушакборонро ба дӯш гирифта, гуфт, ҷангҷӯяшон ҳадафмандона хоки Тоҷикистонро мушакборон кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button