Муҳоҷирон

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ТОҶИКУ ЯК ЧЕЧЕН БАРОИ ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ ТОҶИКҲОВУ ЧЕЧЕНҲО ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ

Додгоҳи шаҳри Одинтсовои вилояти Маскаву Русия ду иштирокчии фаъоли занозании байни чеченҳо ва тоҷикҳо дар моҳи августи соли гузаштаро бо ҷурми авбошӣ бо истифода аз силоҳ маҳкум ба зиндон кард. Бино ба иттилои нашрияи Кавказ.Реалии, роҳбари чеченҳо Аюб Аҳадов ба якуним соли зиндон ва роҳбари тоҷикҳо Бахтиёр Абдуллоева да 2 соли зиндон маҳкум шуданд.

6 августи соли 2021 дар Одинтсова бо иштирок тақрибан аз 40 то 60 нафар ду занозанӣ бо истифода аз силоҳ байни зодагони Чеченистон ва кишварҳои Осиёи Миёна (дар як маврид бо тоҷикҳо ва дар мавриди дигар бо ӯзбекҳо) рух дод. Шоҳидон гуфтанд, ки аз маҳалли занозанӣ садои тир меомад. Мақомот дар робита ба ин занозаниҳо бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.

Манобеи “Бомдод” он вақт хабар дода буданд, ки дар аввали моҳи августи соли 2021 дар як рӯз чеченҳо ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳам дар Одинтсово ва ҳам дар Митиши ҳамла оварда, мехостанд, муҳоҷиронеро, ки дар сохтмонҳо ва шабакаи ЖКХ кор мекарданд, “доля”, яъне “ҳақ” ё “андоз” банданд, вале ба муқобилияти сахт дучор шуданд. Дар пайи он занозаниҳо мақомоти Русия даҳҳо муҳоҷирро аз Русия ихроҷ карда, чанд нафарашро ҳамчун “иштирокчии фаъол” ба ҳабс гирифтанд.

Дар ҷараёни мурофиа, Аюб Аҳадов нақл кард, ки сабаби занозанӣ латтукӯби як ҷиняи ӯ шуд. Аҳадов гӯё онҳоеро, ки ҷиянашро заданд, ба “разбор” даъват карда, бо худаш чеченҳои ҳамшаҳриашро ҳам овард. Вале дар ин мулоқот дар назди гаражҳои кооперативи “Чайка” муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, бино ба нақли Аҳадов, ягон 30 нафар бо белу калтак мусаллаҳ шуда омаданд. Аҳадов гӯё онҳоро дар ҳолати пархошҷӯӣ дида, ба ҳаво аз туфангчаи травматикӣ ду тир холӣ карда, таҳдид кардааст, ки агар касе ба ӯ наздик шавад, вайро мепарронад.

Баъди ин Аюб Аҳадов бо роҳбари тоҷикҳо Бахтиёр Абдуллоев “разбор” кардааст ва дар ин вақт афроди ҷамъшуда аз ҳарду тараф аз гиребони ҳамдигар гирифтаанд.

Дар ниҳоят Аюб Аҳадов ба якуним сол ва Бахтиёр Абдуллоев ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуданд. Парвандаҳои иштирокчиёни алоҳида бояд ба сурати алоҳида баррасӣ шавад.

Дар вақтҳои охир байни зодагони Қафқозу Осиёи Миёна дар Русия ҳар сари чанд вақт муноқишаҳо рух медиҳанд. Аз ҷумла дар Санкт-Петербург моҳҳои апрелиюл ва августи соли 2021 чанд муноқиша бо ширкати даҳҳо нафар сурат гирифт. Моҳи августи соли 2021 зодагони Чеченистон ва Тоҷикистон дар Митиши ва Одинтсово  аз гиребони ҳам гирифтанд ва як занозании дигар дар Одинтсово байни чеченҳову ӯзбекҳо рух дод.

Соли 2016 роҳбарони оромгоҳи Хованское ба зидди коргарони тоҷики ин оромгоҳ зодагони Қафқозро оварданд, ки дар ҷараёни занозанӣ он вақт се тоҷик кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Се зодаи Доғистон ба он айбдор мешаванд, ки  моҳи июли соли 2021 як ҷавони тоҷикро, ки ба қатли писари яке аз ин доғистониҳо дар як клуби шабонаи шаҳри Маскав гумонбар мешуд, дар шаҳри Брянск пайдо карда, ба як ҷангал бурдаанд ва ӯро азобу шиканҷаи зиёд дода, сипас зинда ба зинда гӯр кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button