ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ БОЗДОШТИ 5 ТОҶИК, КИ ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ ЯК ҲАМВАТАНИ ХУДРО ҒОРАТ КАРДАНД

Шоми 15 июли соли 2022 дар шаҳраки Парголовои ноҳияи  Виборги вилояти Ленингради Русия  пулис бо роҳандозии амалиёти “Перехват” як мошин бо 5 зодаи Тоҷикистонро, ки ба латтукӯб ва ғорати як ҳамватани худашон муттаҳам мешаванд, дастгир кард. Парголово дар канораҳои шимолии шаҳри Санкт Петербург ҷойгир шудааст.

Бино ба хабарҳо, шоми 14 июл як раҳгузар ба рақами 112 занг зада, хабар дод, ки дар Парголово 5 марди ношинос як марди дигарро бо калтак латтукӯб карда, санадҳои ӯро кашида гирифтаанд ва сипас дар як мошини тамғаи “Фолксваген Поло” фирор кардаанд. Ба ин шоҳид муяссар шудааст, ки рақами мошинро ҳам бигирад ва ба пулис бидиҳад.

Пулис зуд дар шимоли Петербург амалиёти “Перехват” эълон кард ва алакай баъди 40 дақиқа, соати 19:20, мошини таҳти ҷустуҷӯро 5 километр дуртар аз ҷои ҳодиса, дар назди истгоҳи метрои   “Озёрки” манъ ва афроди даруни мошинро дастгир кунанд. Ин 5 нафар ҳама зодаи Тоҷикистон буда, аз 22 то 33 сол доштаанд.

Дар видеое, ки шоҳидон сабт кардаанд, дида мешавад, ки кормандони пулис чанд нафарро дар паҳлуи мошин дар рӯи асфалт ба шикам хобондаанд.

Дар ниҳоят, танҳо як нафари онҳоро ба шуъбаи пулис оварда, ба зиддаш бар асоси қисми дуюми моддаи 161 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ғоратгарӣ бо истифода аз зӯрӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол ваё то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Соати 18.40, ба шуъбаи 49-уми пулис ҷабрдида ҳам муроҷиат кардааст. Маълум шуд, ки ӯ ҳам зодаи Тоҷикистон буда, 32 сол доштааст. Ҷабрдида хабар дод, ки дар назди бинои №13 дар кӯчаи Валерий Гаврилин афроди ношинос ба ӯ бо корду чӯбдасти бозии бейсбол ҳамла оварда, сумкаашро кашида гирифтанд ва дар як мошини тамғаи “Фолксваген Поло” фирор карданд. Ба гуфтаи ин муҳоҷири тоҷик, ӯ дар сумкааш шиноснома, 2 телефони мобил бо зарядмонакҳояшон, гӯшӣ, кортҳои бонкӣ ва ҳамчунин 25 ҳазор рубл пул дошт.

Пулис асноди муҳоҷири ҷабрдидаро ҳам тафтиш кардааст. Маълум шуд, ки асноди ӯ қонунӣ буда, дар хадамоти муҳоҷират расман сабти ном доштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button