АфғонистонВидеоТоҷикистон

ТТТ: МАҲДӢ АРСАЛОН ТАҲРИКИ ТОЛИБОНИ ТОҶИКИСТОНРО ТАЪСИС ДОДААСТ (ВИДЕО)

Саҷҷоди Нуристонӣ (Sajjad Nuristani), рӯзноманигори мустақил ва собиқ корманди аршади раёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод, ки Муҳаммад Шарифов, маъруф ба Маҳдӣ Арсалон, як ҷангҷӯи тоҷик ва раҳбари созмони тундрави дар Тоҷикистон мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ҷунбиши наверо бо номи Таҳрики Толибони Тоҷикистон (ТТТ) таъсис додааст. Қаблан ҳам ҷангҷӯёни тоҷике, ки дар Афғонистон дар саффи ҷунбиши Толибони Афғонистон меҷангиданд, “Толибони тоҷик” ё “Толибони Тоҷикистон”  ном бурда мешуданд.

Саҷҷоди Нуристонӣ рӯзи 16 июли соли 2022 дар Твиттер дар мавриди табдили ном ё ба истилоҳ “ребрендинг”-и “Ансоруллоҳ” навиштааст: “Бо илҳом аз Толибони Афғонистон, Муҳаммад Шарифов, маъруф ба Маҳдӣ Арсалон, Таҳрики Толибони Тоҷикистон (ТТТ)-ро таъсис додааст. Арсалон шаҳрванди Тоҷикистон ва раҳбари “Ансоруллоҳ” аст. Ӯ феълан беш аз 250 ҷангҷӯ дар зери даст дорад. Ҳукумати Толибони Афғонистон ахиран ӯро масъули як посгоҳи амниятӣ дар наздикии марз бо Тоҷикистон таъйин кард”.

Маҳдӣ Арсалон тақрибан 25 сол дошта, аз насли нави ҷангҷӯёни тоҷик ба шумор меояд. Ӯ дар деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод дар шарқи Тоҷикистон дар оилаи Мирхоҷа Шарипов, як размандаи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ба дунё омадааст. Падари ӯ, ки бо Амриддин Табаров, асосгузори “Ҷамоати Ансоруллоҳ” риштаи қудоӣ дошт (як духтараш ба писари домулло Амриддин шавҳар карда буд), соли 2011 дар ҷараёни амалиёти зидди гуруҳи Мулло Абдулло Раҳимов дар водии Рашт кушта шуд.

Маҳдӣ Арсалон нафарест, ки ҳузураш дар Афғонистон ҳамеша мояи нигаронии мақомоти Тоҷикистон будааст ва ин нигарониҳо баъди дар он сӯи Омӯ ба қудрат расидани ҳампаймонҳои Арсалон аз ҷунбиши Толибони Афғонистон бештар шудааст.

Баробари ба қудрат омадани Толибон, хабар расида буд, ки афроди Арсалон дар марз бо Тоҷикистон чанд марзбони ҳукумати қаблии Афғонистонро сар бурида, хитоб ба марзбонҳои тоҷик таҳдид фиристодаанд, ки дафъаи оянда навбати онҳост. Баъдан хабар омад, ки Арсалонро масъули 5 дидбонгоҳи марзӣ дар марз бо Дарвози Тоҷикистон таъйин кардаанд.

Тоза ҳафтае пеш дар рӯбарӯи марзи Дарвоз бо ҳарфҳои бузург дар як бораи кӯҳ дар рӯи санг исми Арсалонро бо ҳарфҳои бузург, ки дар Тоҷикистон ҳам хонда шавад, навиштанд.

Масъулони режими нави Толибон ҷониби Тоҷикистонро таскин медиҳанд, ки як навишта дар бораи кӯҳ набояд мояи нигарониашон бошад ва дар асл, ҳукумати Толибон ба касе иҷозат нахоҳад дод, ки аз хоки Афғонистон барои эҷоди ноамнӣ ва таҳдид ба ҳамсояҳо истифода кунад.

Вале Саҷҷоди Нуристонӣ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ба ин ҳарфи Толибон намешавад 100 дарсад итминон баст.

Нуристонӣ гуфт: “Маҳдӣ Арсалон таҳти ҳимояти раҳбари асосии Толибон дар Бадахшони Афғонистон Қорӣ Фасеҳиддин қарор дорад  ва аз кумаку пуштибониҳое аз ҷониби ӯ ва соъири мақомоти режими кунунии Толибон бархӯрдор буду ҳаст. Албатта, Толибон дар баробари ҳампаймонҳояшон, ки дар канори онҳо ҷангиданд, аз ҷумла дар баробари “толибони тоҷик” ба раҳбарии  Маҳдӣ Арсалон тааҳҳудоте ҳам доранд. Арсалон бештар бузургнамоӣ ваё ба истилоҳи дигар “фарбеҳсозӣ” карда мешавад ва дар асл нирӯи ҷангии Арсалон, албатта, чандон ҷиддиву бузург нест, ки вазъи амниятиро дар Тоҷикистон ба ҳам зада битавонад. Вале Арсалон метавонад дарди сарҳое дар марзи Тоҷикистон эҷод кунад ваё ҳамчун абзору васила барои пиёда кардани аҳдофи нирӯҳои манфиатдор истифода шавад”.

Як ҳамсуҳбати дигари “Бомдод” аз Кобул, ки масоили сиёсӣ ва амниятии Афғонистонро таҳқиқ мекунад, гуфт, Толибон метавонанд аз вуҷуд ва ҳузури Арсалон ва ҷангҷӯёнаш ҳамчун василаи фишор ба Тоҷикистон истифода баранд ва Душанберо ба баъзе гузаштҳо, барои мисол, ба худдорӣ аз пуштибонии гарми Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмади Масъуд ваё барои тамосу музокира бо Толибон барои ҳалли масъалаи Арсалон водор кунанд.

“Ҳар навъ тамос ё музокира аз сӯи Душанбе барои режими Толибон қадами ҷиддие ба сӯи шинохти расмии ин режим талаққӣ хоҳад шуд ва чунин тамосҳоро ҳатман қадаме ба сӯи амалан эътироф кардани ҳукуматашон шояд истифода баранд”, гуфт ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ӯ низ таъйид кард, ки дар марҳалаи кунунӣ, гуруҳи Арсалон кӯчаку заиф аст ва бузурнамоӣ ва фарбеҳсозӣ шуда истодааст. “Вале бубинед, вақте Толибонро месохтанд, он ҳам як гуруҳи хурди иборат аз донишҷӯёни мадрасаҳои Пешовар буд. Вале дар ниҳоят кор ба ҷое расид, ки бо як эътилофи ҷаҳонӣ 20 соли тамом ҷангид ва амалан пирӯз ҳам шуд”, мегӯяд ин таҳлилгари афғон.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021, дар арафаи хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти роҳбарии Амрико ва паймони ҳарбии НАТО ҳукумати қаблии Ашраф Ғаниро сарнагун сохта, қудратро дар Афғонистон ба дасти худ гирифтанд. Тоҷикистон бо намоиши пуштибонии ошкораш аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, эълон кард, ки агар Толибон ҳукумати фарогир насозанд ва дар он ба ақалиятҳои қавмӣ, ба вижа ба тоҷикҳои Афғонистон, ки ба гуфтаи президенти Тоҷикистон, 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, ҷойгоҳи сазовореро қоил наоянд, Душанбе ҳукумати навро дар Кобул эътироф нахоҳад кард.

Намояндагони Толибон дар посух чанд бор ба Душанбе таҳдид карданд ва якеаш ҳатто гуфт, ки агар ҷомиаи ҷаҳонӣ дахолат накунад, Тоҷикистонро дар 24 соат ишғол хоҳанд кард. Гулбиддин Ҳикматёр, як фармондеҳи собиқи муҷоҳидини афғон ҳам ахиран гуфт, Афғонистон метавонад ба мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон дар хокаш пойгоҳ барои фаъолият фароҳам биорад. Зоҳиран як манзури Ҳикматёр метавонад ҳамин Маҳдӣ Арсалон ва ҷангҷӯёни ӯ бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button