ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ВИДЕО: ТОҶИКҲО ДАР ЯК ЗИНДОНИ СВЕРДЛОВСК БАРОИ 1250 МАҲБУС ОШ ПУХТАНД


Рӯзи 12 июли соли 2022 ба муносибати иди Қурбон ошпазҳои тоҷик  дар маҳбаси №10 саридораи зиндонҳои вилояти Свердловск барои 1250 маҳбус оши идона пухтанд.

Хадамоти матбуоти Саридораи зиндонҳои вилояти Свердловск бо нашри аксу видеоҳо хабар дод, ки дар ин рӯз барои табрики маҳбусон ба зиндони №10 сардори шуъбаи кор бо маҳбусони муфтиёти марказии вилоят Комилпошо Расулов ва муовини раиси Шӯрои машваратии назди консулгарии генералии Тоҷиктстон дар Екатеринбург Яъқубҷон Алиевич Умаров ташриф оварданд.

 Яъқубҷон Умаров ҳамроҳи худ ошпазҳоро ҳам овард, ки барои 1250 маҳбуси ин зиндон оши идона пухтанд. Гуфта мешавад, ҳамаи маҳбусон, сарфи назар аз ин ки пайрави кадом динанд, ба сари дастурхони идона даъват карда шуданд. Маҳбусони ҳамтақдирони мусалмони худро ба муносибати Иди Қурбон табрик гуфта, ба ҷамъияти тоҷикҳои вилояти Свердловск барои зиёфати хушмаззза изҳори ташаккур карданд.

Иди Қурбон, ки ду моҳу 10 рӯз баъди иди Рамазон ва дар рӯзи даҳуми моҳи Зулҳиҷа фаро мерасад, ба хотири гиромидошти паёмбар Иброҳим (а), ки дар роҳи ризои Худо  ба қурбонӣ кардани фарзанди худаш ҳам розӣ шуда буд, таҷлил мешавад. Рӯзи таҷлили иди Қурбон тибқи тақвими масеҳӣ ҳар сол иваз мешавад ва вобаста ба кишварҳо низ гоҳо фарқ мекунад.

Бино ба омори Идораҳои зиндонҳои Русия (ФСИН), дар маҳбасҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Як қисми онҳо дар маҳбасҳои вилояти Свердловск қарор доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button