ВидеоТоҷикистон

САРБОЗИ ҚАТОРӢ МИРАЛӢ БОҚИЕВРО БАРОИ … БУШЛАТ КУШТААНД

Ним сол баъди қатли ваҳшиёнаи сарбози қаторӣ Миралӣ Боқиев дар як қисми ҳарбии нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор, маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон бархе тафсилоти ин парвандаро ошкор кард ва гуфт, ин сарбози зодаи Панҷакентро сержанти хурд Сиддиқ Саъдуллоев барои … бушлат (болопӯши ҳарбӣ) бо мушт зада-зада куштааст.  Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон моҳи апрел Саъдуллоевро ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Миралӣ Боқиев шаби 17 январи соли 2022 кушта шуд. Ӯ моҳи майи соли 2021 ба хидмат даъват шуда буд. Миралӣ аз як оилаи серфарзанд буда, 7 бародару хоҳар дошт ва орзу дошт, ки муҳандиси роҳсоз шавад. Қабл аз хидмат ӯ дар техникуми роҳсозӣ таҳсил мекард.

Чунин ҳодисаҳои бераҳмӣ дар артиш боис мешавад, ки бисёре аз волидон фарзандони худро аз хидмати ҳарбӣ дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бигурезонанд.

Додситонии кул дар бораи ин парванда чунин иттилоъ медиҳад:

Хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии дидбонгоҳи сарҳадии №4 «Ғалаба»-и қисми ҳарбии 0307  Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор, сержанти хурд Садуллоев Сиддиқ Баҳруллоевич, аз ҳамхизмати худ аскари қаторӣ Боқиев М.К. талаб менамояд, ки  болопӯши зимистонаи худро барои истифодаи муваққатӣ ба ӯ диҳад. 

Аскари Қаторӣ Боқиев М.К. талаби сержанти хурд Садуллоев С.Б-ро рад карда, дар ин лаҳза сержанти хурд Садуллоев С.Б. ба ғазаб омада, қоидаҳои Оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро вайрон намуда, бар хилофи талаботҳои моддаҳои 6, 9, 13, 14, 16, 35, 64 ва 155  Оинномаи хизмати дохилӣ ва моддаҳои 1, 4, 5 ва 6 Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мушт 2-3  маротиба зарбаҳои сахти пайдарҳам ба қафаси синаи Боқиев М.К. задааст.

Аз зарбаҳои ӯ аскари қаторӣ Боқиев М.К. зарари вазнин ба саломатӣ бардошта аз ҳушрафта ба замин меафтад, дар ин  вақт сарбозон ва афсарони дидбонгоҳ дар ҳол Боқиев М.К.-ро барои расонидани кӯмаки тиббӣ гирифта ба беморхонаи марказии ноҳияи Фархор мебаранд, ки дар натиҷа аскари қаторӣ Боқиев М.К. ҳангоми ба беморхона бурдан вафот кардааст.

Прокурори ҳарбии гарнизонии шаҳри Кӯлоб, нисбати сержанти хурд Садуллоев С.Б. бо моддаҳои 373 қисми 2 бандҳои «б, д» ва 110 қисми 3  банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон, аз 5  апрели соли 2022 Садуллоев С.Б. бо моддаҳои 373 қисми 2 бандҳои «б, д» ва 110 қисми 3  банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ дар асоси моддаи 67 қисми 3  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13  сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button