ВидеоНуқтаи назарҲуқуқи инсон

ДАЪВАТИ КУМИТАИ ДИФОЪ АЗ ЖУРНАЛИСТОН БА ОЗОДИИ ЗАВҚИБЕК САИДАМИНӢ ВА АБДУСАТТОР ПИРМУҲАММАДЗОДА

Кумитаи дифоъ аз журналистон, як созмони байналмилалии қароргоҳаш дар Ню-Йорк рӯзи 14 июни соли 2022 дар як изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки дар бораи дар куҷо нигоҳ доштани журналистони ҳабсшуда Завкибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода билофосила маълумот дода, ҳардуро билофосила озод кунад.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози ин созмон дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт: Дар бораи макони нигоҳдории Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маълумот надодани мақомоти Тоҷикистон комилан ғайри қобили қаблу буда, боз як аломати беэҳтиромии онҳо нисбат ба қонун дар роҳи пешгирӣ аз баррасии масоили доғ мебошад. Мақомот бояд билофосила макони нигаҳдории Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзодаро ошкор карда, онҳоро бидуни ягон таъхир озод кунанд”.

Завқибек Саидаминӣ то соли 2019 дар ТВ Тоҷикистон кор мекард, вале ба сабаби танг будани доманаи озодии баён дар ТВ, аз онҷо рафт. Ӯ вақтҳои охир дар як сохтмон ба ҳайси ронандаи кран кор мекард ва ҳамзамон дар Ютуб чанд канал дошт, ки дар маҷмӯъ 15 ҳазор обуначӣ доштанд. Охирин мавзӯъҳое, ки Саидаминӣ дар каналҳояш матраҳ кардааст, пиромуни масоили озодии дин, “облава” ва муноқиша дар марз бо Қирғизистон буд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ то соли 2019 дар радиои давлатии “Садои Душанбе” кор мекард ва тавре бародараш Абдукарим ба Кумитаи дифоъ аз журналистон нақл кардааст, аз радио барои он рафт, ки барояш ду интихоб гузоштанд: ё аз кор рафтан, ё даст кашидан аз гузоришҳои танқидӣ. Пирмуҳаммадзода вақтҳои охир дар Душанбе таксиронӣ мекард ва чанд моҳи охир ҳамчунин дар каналаш дар Ютуб, ки 39 ҳазор обуначӣ ҷамъ оварда буд, дар бораи масоили доғи ҷомиа изҳори назар мекард.

Онҳо бо журналистони рӯзи 15 июн ҳабсшуда Далери Имомалӣ (Далер Бобиев) ва Абдулло Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) ҳамкорӣ доштанд ва баъди ҳабси Далеру Абдулло ба ҳимоят аз ҳамкорони худ садо баланд карданд.  Завқибек Саидаминӣ  ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода қабл аз ҳабсашон шикоят доштанд, ки ба маҳзи пуштибонашон аз Далеру Абдулло аз ҷониби “фермаи ҷавоб”, ки ба ақидаи Пирмуҳаммадзода, таҳти контроли мақомоти Тоҷикистон амал мекунад, таҳдидҳои зиёде гирифтанд, ки акнун навбати ҳабси онҳост.

Завқибек Саидаминӣ  бо як дӯсташ шоми 8 июл, дар як нуқтаи шустушӯи мошинҳо дар Душанбе замоне дастгир шуд, ки онҳо мошини худро шуста, барои таҷлили иди Қурбон роҳии зодгоҳашон деҳаи Қалъаи нав дар канори шаҳри Роғун буданд.  Онҳоро аз онҷо рост ба як шуъбаи УБОП дар шаҳри Ваҳдат бурданд. Дӯсти Завқибекро баъди чанд соати бозпурсӣ ҷавоб доданд, вале ӯ гуфт, дар бораи ошкор накардани муҳтавои бозпурсиаш забонхат додааст ва  ба ин далел, дар бораи парвандаи Завқибек чизе гуфта наметавонад. Аз он ба баъд дар бораи дар куҷо будани Саидаминӣ ва ин ки оё ӯро ба чӣ муттаҳам мекунанд, ягон маълумот ба даст нарасидааст.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бори аввал рӯзи 7 июл ба ҳамон шуъбаи УБОП дар шаҳри Ваҳдат бурда, то нисфи шаб бозпурсӣ карданд ва телефону кортҳои бонкӣ ва шиносномаашро барои ташхис гирифтанд. Ӯ низ ба далели ин ки забонхат додааст, аз суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи қазияаш худдорӣ кард, вале рӯзи 8 июл ӯро боз ба УБОП бурда, бозпурсӣ карданд, ки чаро бо хабарнигорон суҳбат кардааст? Пирмуҳаммадзодаро ин дафъа низ ҷавоб доданд, вале субҳи 9 июл, дар рӯзи иди Қурбон ӯро бо ин баҳона, ки гӯё телефонашро бармегардонанд,  боз ба ҳамон шуъбаи УБОП дар ш. Ваҳдат даъват карданд. Баъди ин, ба гуфтаи бародараш Абдукарим, онҳо дар бораи куҷо будани Абдусаттор ва ба чӣ муттаҳам шудани ӯ ягон маълумот надоранд.

Наздикони Завқибек ва Абдусаттор инро ҳам намедонанд, ки оё онҳо ба вакили дифоъ дастрасӣ доранд ё на?

Кумитаи дифоъ аз журналистон тавассути почтаи электронӣ ба ВКД Тоҷикистон низ барои шарҳи қазияҳои ҳабси ин ду журналисти тоҷик муроҷиат кардааст, вале ягон посух нагирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи ҳабси журналистон ягон шарҳ надодааст.

Дар айни замон, журналист Анора Саркорова ба Кумитаи дифоъ аз журналистон хабар додааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи гузоришҳои ӯ дар бораи ҳаводиси Бадахшон хешовандонашро бозпурсӣ карда, ба таври ғайрирасмӣ аз ҳаққи тарки қаламрави Тоҷикистон маҳрум кардаанд. Ба онҳо гуфтаанд, ин қарор танҳо замоне бекор карда мешавад, ки Анора Саркорова барои бозпурсӣ ба Тоҷикистон баргардад.

Ёдовар мешавем, дар ду моҳи охир дар Тоҷикистон алакай дастикам 7 журналисту блогер, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ,  Абдусаттор ПИрмуҳаммадзода, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям ва Улфатхоним Мамадшоева боздошт гардиданд.  Дастикам ду хабарнигори дигар Эмомалӣ  Сайидзод ва Рамзия Мирзобекова таҳти бозпурсӣ қарор гирифта, телефонҳо ва василаҳои дигари онҳоро мақомот барои тафтиш мусодира карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button