ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ВИДЕО+18: НАШРИ НАВОР АЗ МАҲАЛЛИ ҚАТЛИ РОҲБАРОНИ ЭЪТИРОЗҲОИ РӮШОН

Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ, ду журналисти зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, видеоеро нашр карданд, ки дар он лаҳзаи  аз ҷониби нирӯҳои вижа (спецназ) дар як ҷо дар паҳлуи ҳам қатор чидани ҷасадҳои хунолуди роҳбарони кушташудаи  эътирозҳои ноҳияи Рӯшон сабт шудааст.

Дар ин видео, ки қариб якуним дақиқа давом мекунад, афроди мусаллаҳи либоси ҳарбӣ дар тан дида мешаванд, ки чанд ҷасади хунолудро аз дасту пойҳояшон бардошта, дар рӯи як ҳавлӣ кашола карда меоранд ва дар як ҷо паҳлуи ҳам мечинанд. Дар видео садо як тан аз нирӯҳои вижа ба гӯш мерасад, ки ба дигарон амр медиҳад, то таппончаро дар дасти кушташудаҳо гузоранд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ин сабтро то ҳол ягон шарҳ надодаанд, вале Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ менависанд, ки ин видео аз ҷониби мақомоти вижа саҳнасозӣ шудани макони қатли роҳбарони эътирозҳои Рӯшонро намоиш медиҳад. Бино ба иттилои онҳо, ин ҷасадҳое, ки қатор мечинанд, ҷасадҳои Ғуломҳайдаров Ёдгор, Почоев Алишер, Мавлододов Ҳабиб, Шехбуров Ҷангибек ва Палаев Дохунда мебошанд.

Ёдовар мешавем, қаблан ВКД  Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи  31-уми майи соли 2022, соати 09:30, дар натиҷаи гузаронидани “амалиёти зиддитеррористӣ” дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон,  дар фосилаи як километр аз марз бо Афғонистон, 5 тан аз иштирокчиёни фаъоли эътирозҳои ахир дар Рӯшон, ки аз 18-уми майи соли ҷорӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, “ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд”:

  1. Ғуломҳайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд,
  2. Почоев Алишер Сафармамадович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар,
  3. Мавлододов Ҳабиб Феткаевич соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд,
  4. Шехбуров Ҷангибек Душанбиевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар,
  5. Палаев Дохунда Худобандаевич, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар.

ВКД онҳоро “аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва террористӣ” номид ва гуфт, яке аз роҳбарони ин гурӯҳ Палаев Қулмаҳмад Каримович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Вамарро зинда дастгир карда, аз ҷойи ҳодиса, дар фосилаи 1 км аз марз бо Афғонистон чанд мил силоҳ, аз ҷумла 4 автомати Калашников, 2 таппончаи Макаров, як силоҳи мерганӣ, як пулемёт ва як гранатомёт мусодира кардаанд.

Тасдиқи иддаҳои ВКД тавассути манобеи дигари мустақил ғайримумкин ба назар мерасад.

Рӯзи 16 май дар шаҳраки Вамар, маркази ноҳияи Рӯшон, эътирозҳои оммавӣ сар шуданд. Мардум роҳи Душанбе – Хоруғ – Қулмаро бастанд, то ки монеи ба Хоруғ интиқол додани нирӯҳои вижа шаванд. Субҳи 18 май мақомот аз оғози “амалиёти зиддитеррористӣ” дар Рӯшон хабар доданд ва гуфтанд, дар Вамар бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба корвони нирӯҳои “Алфа” як сарбози ин воҳиди вижа кушта ва 13 тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар натиҷа, эътирозҳоро дар Рӯшон бо истифода аз силоҳу нирӯ саркӯб карданд ва баъди ин ба “тоза кардан”-и маркази вилоят, шаҳри Хоруғ сар карданд.

Дар миёнаи моҳи июн мақомот аз анҷоми амалиёт дар Бадахшон хабар дода гуфтанд, ки ҳамаи 12 лидери ғайрирасмии ин вилоят боздошт ваё кушта шуда, дар умум 16 нафар кушта ва беш аз 120 нафар дастгир шуданд. Вале Созмони Милал алакай дар рӯзҳои аввали саркӯби эътирозҳо аз ҳалокати беш аз 40 нафар дар минтақаи мухтор дар шарқи Тоҷикистон хабар дода буд.

Мақомот иддао доранд, ки дар ҷараёни амалиёти ахир дар Бадахшон танҳо аъзои “гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ” ва “гуруҳҳои ифротию террористӣ” боздошт ё “безарар” гардонида шуда, касе аз аҳолии мулкӣ осеб надидааст. Вале сокинон мегӯянд, мақомот дар Рӯшон ба зидди эътирозгарони бесилоҳ аз силоҳ истифода бурданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷиктстонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯ ба зидди эътирозгарон айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button