ВидеоҲуқуқи инсон

ШАБНАМ ХУДОЙДОДОВА АЗ ҶОМИАИ ҶАҲОНӢ ХОСТ, БАРОИ ОЗОД КАРДАНИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК АЗ ЯК ГИРЕБОН САР БАРОРАНД

Фаъоли тоҷик Шабнам Худойдодова, ки дар Лаҳистон (Полша) ба сар мебарад, аз созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон даъват кард, ки ба ҳимоят аз журналистони тоҷики ҳабсшуда садо баланд карда, барои озод кардани онҳо маъракаи байналмилалии шаҳрвандиро ба роҳ андозанд. Ин изҳорот шоми 12 июли соли 2022 дар ҳоле нашр шуд, ки дар ду моҳи охир дар Тоҷикистон бо иттиҳомҳои бофта дастикам 7 журналист ба ҳабс гирифта шуда, 5 журналисти дигари узви ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) аз соли 2015 дар маҳбас қарор доранд ва якеи онҳо –  Муҳаммадалӣ Ҳаит – ҳатто ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

 “Журналист он нирӯи озодӣ, нирӯ ва ҷони ҷомиаи шашрвандианд. Аз аввали соли 2022 ҳамлаҳо ба озодии баён дар Тоҷикистон бакарат сахттар шуд. Таъқибу боздоштҳо, ҳамлаҳо ва латтукӯби журналистон ба як амри муқаррарӣ табдил ёфтааст. Ман аз ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон даъват мекунам, ки ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои журналистони тоҷики мо таваҷҷуҳи вижа зоҳир кунанд. Хоҳиш мекунам, ба поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чашм напӯшед! Ман ҳамчунин аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват мекунам, ки фаъолтар бошанд ва озод кардани журналистони боздошту ҳабсшударо талаб кунанд”, – гуфт дар изҳороташ Шабнам Худойдодова.

Ин фаъоли тоҷик хотиррасон кард, ки дар вақташ маҳз бо шарофати аз як гиребон сар баровардану муттаҳид шудан ҷомиаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тавонистанд журналист Хайрулло Мирсаидовро аз зиндон ва Ҳамза Тиллозодаро аз марг наҷот дода, ба духтари худи ӯ Фотима имкон доданд, ки ба модараш дар  Лаҳистон бипайвандад.

Худи Шабнам Худойдодова ҳам, ки дар гузашта узви фаъоли ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” буду ҳоло фаъоли мустақил аст, 7 сол пеш бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Беларус дастгир шуда, қариб як солро пушти панҷара ба сар бурда буд.

 “Ман худам азоби зиндонро чашидаам ва хуб медонам, ки аҳволи журналистон дар ҳабс чӣ гуна аст? Ман бовар дорам, ки аз ҳар кадоми мо чизи зиёде вобаста аст ва агар ҳамаи мо якҷоя талош кунем ва ҷавонмардӣ нишон дода, ҳама даъвоҳои байни худро як сӯ бигузорем, мо метавонем аз як гиребон сар бароварда, ин маъракаро то марраи пирӯзӣ бирасонем”, – изҳор дошт Шабнам Худойдодова.

Ёдовар мешавем, дар ду моҳи охир дар Тоҷикистон алакай дастикам 7 журналисту блогер, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ,  Абдусаттор ПИрмуҳаммадзода, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям ва Улфатхоним Мамадшоева боздошт гардиданд.  Дастикам ду хабарнигори дигар Эмомалӣ  Сайидзод ва Рамзия Мирзобекова таҳти бозпурсӣ қарор гирифта, телефонҳо ва василаҳои дигари онҳоро мақомот барои тафтиш мусодира карданд.

Ҳамин тавр, моҳи май шахсони номаълум ба чор хабарнигори Радиои Озодӣ ва “Настояшее Время” баъди мусоҳибаҳои онҳо бо Улфатхоним Мамадшоева дар Душанбе ҳамла оварда, телефонҳо ва дастгоҳҳои сабти онҳоро кашида гирифтанд. Бо гузашти қариб ду моҳ мақомот то ҳол кӣ будани ин ҳамлагаронро, ки дар рӯзи рӯшан дар пойтахти Тоҷикистон ба хабарнигорон ҳамла оварда, васоили онҳоро кашида гирифтанд, ошкор накардаанд.

Матни комили изҳороти Шабнам Худойдодова:

МЕЖДУНАРОДНАЯ ГРАЖДАНСКАЯ АКЦИЯ ЗА ОСВОБОЖДЕНИЕ ТАДЖИКСКИХ ЖУРНАЛИСТОВ!

Я сегодня обращаюсь к международным правительственным и неправительственным организациям по правам человека о помощи нашим журналистам. Журналисты они сила свободы, сила и дух гражданского общества. Я с 2014 года состояла в рядах оппозиционной Группы 24, а с 2016 года, я просто независимая активистка. С 2014-2015 года начались преследования и задержание всех активистов группы 24 и других оппозиционеров, адвокатов и правозащитников. Массовые убийства по разным причинам со стороны спецслужб Таджикистана. С начала 2022 года атака на свободу слова усилилась многократно. Преследования и задержания, атаки и избиения журналистов стали обиденным явлением. Я призываю все международные правозащитные организации обратить особое внимание на ситуацию с правами и свобдами наших таджикских журналистов. Прошу не закрывать глаза на нарушение прав человека в Таджикистане. Я так же призываю наших таджикских граждан быть более активными и потребовать свободу задержаных и арестованных журналистов. Все мы помним как мы всем миром отстояли Хайрулло Мирсаидова, освобождали и спасали жизнь маленького Хамзы Тиллозоды и все вы боролись за воссоединения меня и моей Фотимы. Сегодня, я считаю своим долгом постоять за тех, кто за меня когда-то стоял и готова встать перед всеми вами на колении, чтобы все включились в международную гражданскую акцию по освобождению арестованных журналистов Таджикистана. Я сама прошла через тюрьму и знаю не понаслышке каково сейчас им там. Я верю, что от каждого из нас зависит многое, если все мы объединим свои усилия и надеюсь, что нам хватит мужества забыть все взаимные обиды и претензии и в этой акции пойдём плечом к плечу до победного конца.

С уважением,

Шабнам Худойдодова

Today I appeal to governments around the globe and non-governmental human rights organizations for assistance to our imprisoned journalists. Journalists are the force of freedom, and the spirit of Tajikistan’s civil society. In 2014, I became a member of the opposition Group 24, and since 2016, I have been working as an independent human rights activist. Starting in 2014-2015, the Tajik government started a campaign of persecution and detention of all activists of Group 24 and other opposition activists, lawyers and human rights defenders, conducted by Tajikistan’s security services citing various pretexts. 2022 has witnessed a dramatic escalation of attacks on freedom of speech. Harassment, detention, attacks and beatings of journalists have become extremely commonplace. I call on all international human rights organizations to pay special attention to the situation with the rights and freedoms of our Tajik journalists and I ask you not to turn a blind eye to the violation of human rights in Tajikistan. I also call on our Tajik citizens to be more active and demand the freedom of detained and arrested journalists. We all remember how we defended Khairullo Mirsaidov with the whole world, freed and saved the life of little Khamza Tillozoda, and all of you fought for the reunification of me and my Fotima. Today, I consider it my duty to stand up for those who once stood for me and are ready to kneel before all of you so that everyone joins the international civil action to free the arrested journalists of Tajikistan. I myself went through prison and I know firsthand what it is like for them there now. I believe that a lot depends on each of us if we all combine our efforts. I hope that we have the courage to forget all mutual grievances. In this action we will go shoulder to shoulder to fight for our compatriots to the victorious finish.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button