ВидеоҶомеа

МАРГИ ПОЛКОВНИК САИДЗОДАРО РАСМАН ТАСДИҚ КАРДАНД, ВАЛЕ НАГУФТАНД, АЗ ЧӢ МУРД?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар як номаи таъзия марги сардори  шуъбаи байниминтақавии Кумита дар минтақаи Кӯлоб полковник Сайидзода Абубакр Сайидро расман тасдиқ кард, вале дар бораи иллати марги ӯ ягон тафсилот надод. Қаблан гузориш шуда буд, ки полковник Саидзода  рӯзи 10 июл дар пайи як муноқиша бар сари об бо хонаводаи Шайбоновҳо дар ноҳияи Данғара ҷароҳат бардошта, вафот кардааст. Ӯ 58 сол дошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бо изҳори андуҳ ва баёни таъзия ба аҳли хонавода ва наздикони марҳум Абубакр Саидзода гуфт:

“Рафтани ӯ талафоти бузургест барои идора. Вай Инсони ҳақиқӣ буд, ҳамкори кордону дӯсти шафиқ. Афсари воқеъӣ, ки худро ҳамеша омодаи хидмати шоиста ба Ватан медонист, шахсияте буд барои ҳифзи Ватан чизеро аз худ дареғ намедошт: дониш, таҷриба,  малака.

Хотираи дурахшони ӯ ҳамеша дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд!”

Сайидзода Абубакр Сайид 13 сентябри соли 1963 таваллуд шуда, солҳои 1983-1985 дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст.

Фаъолияти кории худро соли 1981 чун машинист-оператори дараҷаи 4 оғоз намуда, аз соли 1986 то 1991 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Баъди хатми донишоҳ ва кор дар вазифаҳои гуногун соли 2003 ба Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда ба кор омад.

Ӯ аз соли 2016 то охирин лаҳзаҳои умраш сарварии бахши байниноҳиявӣ дар гуруҳи ноҳияҳои Кӯлобро дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба уҳда дошт.

Сайидзода Абубакр Сайид барои хидматҳояш бо чандин мукофотҳои идоравӣ ва мукофоти давлатии медали Шуҷоат сарфароз гардонда шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи иллати марги полковник Саидзода ягон тафсилот надодааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан радиои Озодӣ   бо такя ба ду манбаъ дар ҳукумат ва бемористони ноҳияи данғара хабар дод, ки полковник Саидзода рӯзи 10 июл бар асари латтукӯб ва ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ҷон дод. Ба гуфтаи ин манобеъ, “дар бадани Абубакр Саидзода осори латукӯб буд.” Ба иттилои онҳо, “ӯро соати 11:15-и 10-уми июл ба беморхона оварданд, аммо пизишкон наҷот дода натавонистанд. Аз даҳону бинияш хуни зиёд рафта буд ва эҳтимол бар асари зарб ҷигар ё дилаш кафидааст.”

Ҳамсуҳбатони Озодӣ гуфтаанд, полковник Саидзода дар баробари кор дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бо 6 писараш дар ноҳияи Данғара “20 гектар замини пахта дошт”.

Ба иттилои мусоҳибони Озодӣ,  рӯзи 10 июл байни ин мансабдор бо Шайбоновҳо, як хонаводаи пурнуфуз дар Данғара, баҳс сар задааст. Шайбоновҳо дар канори замини пахтаи Саидзода кишти ҷуворимакка доштаанд.

“Саидзодаро панҷ нафар задаанд. Ду писари худи Саидзода ҳам дар ҷойи ҳодиса будаанд,” – гуфтанд мусоҳибони мо дар Данғара.

Мақомот ин хабарро рад ё инкор намекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button