Дин ва боварҳоМуҳоҷирон

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАБЛИҒИ ДОИШ ДАР БАЙНИ МАҲБУСОН

Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбии Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро дар таблиғи терроризм дар байни маҳбусони боздоштгоҳи ё СИЗО N1 шаҳри Пскови Русия гунаҳкор шинохт. Дар ин бора рӯзи 13 июли соли 2022 бо такя ба иттилоияи расмии хадамоти матбуоти раёсати ФСБ вилояти Псков  хабаргузории русии Северо-Запад  хабар дод.

“Муайян карда шуд, ки марди зодаи Тоҷикистон эмиссар ё намояндаи созмони байналмилалии террористии  “Давлати исломӣ” (ДОИШ, ин созмон дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ мебошанд) ба шумор рафта, бо мақсади дар мазҳари ом сафед кардани терроризм чандин бор ба гуруҳи афроде, ки ҳамроҳи вай адои ҳукм мекарданд, дар бораи дуруст будани идеология в таҷриби терроризм суханронӣ кардааст “, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар ин робита ба зидди ӯ бар асоси қисми якуми моддаи 205.2 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ, дар мазҳари ом сафед кардан ваё таблиғи терроризм) парванда кушодаанд. Ҳамчунин ба зидди ин зодаи Тоҷикистон бар асоси қисми якуми моддаи 201.2 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми пора додан ба маблағи кам парвандаи дигаре ҳам кушода будаанд, чунки ӯ кӯшиш кардааст, барои ғайриқонунӣ барояш оварда додани телефони мобил ба як зиндонбони СИЗО №1 пора бидиҳад.

Додгоҳ ӯро ҳам дар таблиғи терроризм ва ҳам дар додани пора гунаҳкор шинохта, ба 2 солу 10 моҳи зиндон маҳкум кард.  Ин зодаи Тоҷикистон аз ин ҳукм шикоят бурдааст, вале додгоҳи таҷдиди назар низ ҳукми вайро бетағйир ба қувваи худ боқӣ гузоштааст.

Дар бораи инки ин муҳоҷири тоҷик барои чӣ гуноҳе дар боздоштгоҳ буд?, чизе гуфта нашудааст.

Дар Душанбе бар ин назаранд, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран дар давраи дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанашон ба доми фиреби мубаллиғони гуруҳҳои ифротӣ меафтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ низ мегӯянд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия ба далели беҳуқуқӣ ва вазъи риққатбори кору зиндагиашон тӯъмаи осоне барои мубаллиғони ақидаҳои ифротӣ мешаванд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ иддаои мақомоти амниятии Русия дар бораи боздошти даҳҳо муҳоҷир бо иттиҳомоти терроризму тундгароиро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, мавридҳое фаровоне сабт шудааст, ки мақомоти амниятии Русия барои баланд нишон додани натиҷаҳои муборизаи худ бо терроризму тундгароӣ муҳоҷирони беҳуқуқро бо парвандаҳои бофтаю сохта дастгир ва ба терроризм айбдор мекунанд.

Ҳоло дар зиндонҳои Русия беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Даҳҳо нафари онҳо бо ҷурмҳои марбут ба терроризму тундгароӣ зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button